Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Ислом Каримов-соҳиби хонаи гаронтарини ИМА


Манзили зисти духтари президенти Узбакистон Лола Каримова-Тиллоева, ки тибқи гузоришҳо ба маблағи 58 миллион доллар харидорӣ шудааст
Манзили зисти духтари президенти Узбакистон Лола Каримова-Тиллоева, ки тибқи гузоришҳо ба маблағи 58 миллион доллар харидорӣ шудааст
Тибқи гузориши сомонаи Business insider духтари хурдии президенти Узбакистон Ислом Каримов соҳиби гаронтарин хонаи ИМА-маъруф бо номи Bel Air mansion шудааст.

Нархи пардохтнамудаи Лола Каримова-Тиллоева маълум нест, вале дар интернет ин хонаро ба маблағи 58 миллион доллар ба фурӯш бароварда буданд.

Меъмори шинохта Муҳаммад Ҳадид ин манзил дар минтақаи Беверли Ҳилзи аёлати Калифорнияро барои иқомати худ сохта буд, вале баъд тасмим гирифт онро фурӯшад.
XS
SM
MD
LG