Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз Русия хост, ки барои ин кишвар нерӯгоҳи нави атомӣ бисозад


Руасои ҷумҳури Эрон ва Русия.
Руасои ҷумҳури Эрон ва Русия.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар дидор бо ҳамтои руси худ Владимир Путин хостори бунёди нерӯгоҳи ҳастаии нав барои Эрон шуд.

Раиси ҷумҳури Эрон рӯзи 1-уми июл барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои содиркунандаи газ, ба Русия сафар карда буд.

Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи сешанбе дар дидор бо Владимир Путин нерӯгоҳи атомии Бушаҳрро улгу ва намунаи ҳамкориҳои Теҳрон-Маскав хонд ва хостори бунёди нерӯгоҳи атомии нав аз сӯи Русия шуд.

Ба гузориши хабаргузориҳои расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод бо ишора ба ин, ки гуфтугӯҳои муқаддамотӣ дар ростои бунёди нерӯгоҳи нав анҷом шудааст, аз ҳамтои руси худ хост дастури оғози кори иҷроии ин тарҳро содир кунад.

Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҳоле хостори бунёди нерӯгоҳҳои ҳастаии нав аз сӯи Русия дар Эрон аст, ки бо гузашти 18 сол, Русия ҳанӯз нерӯгоҳи атомии Бушаҳрро ба тавоноии комил ба истифода надодааст.

Эрон танҳо кишвари дорандаи нерӯгоҳҳои фаъол аст, ки узви Конвенсияи ҳифозати ҳастаӣ нашудааст. Ин конвенсия баъди фоҷиаи Чернобил дар соли 1986, ки сабаби олудагии минтақаи бузург ва бехонумонии 160 ҳазор украинӣ шуд, ба тасвиб расида буд.
XS
SM
MD
LG