Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон аз эрониҳо виза мехоҳад


 Бинои вазорати корҳои хориҷиии Гурҷистон
Бинои вазорати корҳои хориҷиии Гурҷистон
Гурҷистон равуои бидуни раводиди сафари эрониҳоро қатъ кард.Рӯзи сешанбе вазорати корҳои хориҷиии Гурҷистон гуфт, сар аз якуми июл шаҳрвандони Эрон қабл аз сафар ба Гурҷистон бояд раводиди сафар ё худ виза бигиранд.

Соли 2010-ум Гурҷистону Эрон мувофиқат карданд, ки шаҳрвандони ду кишвар бидуни виза иҷозати рафтуомади кӯтоҳмуддат дошта бошанд.

Дар ин муддат тиҷорати миёни ду кишвар рушд намуда, шумораи эрониҳо дар Гурҷистон чор баробар бештар шуд.

Моҳҳои ахир ҳайати вазорати молияи ИМА ба гурҷистон сафар карда ҳушдор дода буд, ки эҳтимол Эрон аз Гурҷистон ба хотири фирор аз таҳрими байналмилалӣ истифода барад.

Вазири адлияи Гурҷистон хонум он замон таъкид карда буд, ки тиҷорати эрониҳои зери “назорати дақиқ” қарор дорад ва ҳар иддао тафтиш хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Теҳрон то кунун рафтуомади озоди шаҳрвандони Гурҷистонро маҳдуд накардааст.
XS
SM
MD
LG