Президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ мегӯяд, ӯ ба истеъфо нахоҳад рафт ва то зинда аст, “аз қонун ҳимоят хоҳад кард”.
“Чӣ гуна мо метавонем итминон диҳем, ки дастовардҳои инқилоби 25-уми январ ва ҳимоят аз қонунро касе ба яғмо нахоҳад бурд? Нархи ҳимоят аз қонун ҳаёти ман аст. Ман мехоҳам аз ҳаёти мардум дифоъ кунам.”
Мурсӣ шоми сешанбе тавассути телевизиони Миср суханронӣ намуд.
Дар ҳоле, ки Мурсӣ паёми телевизиониашро ироа мекард, ки эътирозгарон дар саросари ин кишвар истеъфои ӯро талаб доштанд.
Шоми сешанбе тарафдорони Мурсӣ дар назди донишгоҳи Қоҳира ҷамъ шуданд. Баъзе аз онҳо бо нерӯҳои амниятӣ даст ба гиребон шуданд.
Вазорати беҳдошти Миср мегӯяд, дар бархӯрдҳои ахири ин кишвар камаш 16 кас кушта ва беш аз 200 нафар захмӣ шудаанд.