Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ: "Пулҳои тақаллубӣ ошкор нашудааст"


Бонки миллии Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли пайдо шудани пули сомониҳои қалбакӣ, аз созмонҳои қарзӣ ва муассисаҳои молиявӣ, корхонаю ташкилотҳо, бонкҳо, нуқтаҳои савдо даъват кард, ки чораҳои зарурии техникӣ ва назоратиро ҷиддӣ бигиранд ва ҳатман ҳангоми ҳисоби пул аз дастгоҳи шиносоии пул истифода кунанд.

Абдуғафор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллӣ рӯзи сешанбеи 2-юми июл ба «Озодӣ» гуфт, ки дар саҳифаҳои бархе аз васоити ахбор дар мавриди он, ки гӯё дар муомилот пулҳои қалбакии миллӣ пайдо шудаанд, ки ин ҳама асоси воқеӣ надорад: «Боки миллӣ изҳор медорад, ки дар соли ҷорӣ дар муомилот ягон адад пулҳои тақаллубӣ ошкор ва мусодира нашудааст.»

Ба таъкиди оқои Қурбонов, пулҳои коғазии миллӣ бо унсурҳои муосири ҳимоявӣ муҷаҳҳаз мебошанд, ки ҳама гуна амалҳои тақаллубкорӣ, аз қабили кӯшишҳои чопи пулҳои қалбакиро барбод медиҳанд: «Барои мисол, дар пулҳои коғазии арзишашон 20, 50 ва 100 сомонӣ се адади охири рақами силсилавии пул дар рӯи навори кинеграмма бо тарзи лазерӣ чоп шудаанд, ки яке аз навовариҳои охирин дар соҳаи чопи пул ба ҳисоб меравад.»

Айни ҳол Бонки миллӣ кӯшишиҳои чоп қалбакии сомониро рад намекунад. Ба инттилои ин ниҳод, тақрибан 8 сол қабл ҳодисаи бо принтери ранга чоп шудани сомонӣ дар ҳудуди 1000 то 2000 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки зуд ошкор ва аз муомилот бардошта шудааст.

Аз ин рӯ Бонки миллии Тоҷикистон, ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли пайдо шудани пули сомониҳои қалбакӣ аз созмонҳои қарзӣ ва муассисаҳои молиявӣ, корхонаю ташкилотҳо, бонкҳо, нуқтаҳои савдо даъват кардааст, ки ҳангоми пардохт ва ё қабули асъори миллӣ, аз дастгоҳи шиносоии пул истифода кунанд.
XS
SM
MD
LG