Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 июл-Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ


Бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) 2-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ таҷлил мешавад.

Ба иттилои раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов, “AIPS - ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2-юми июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст.

Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии беш аз 150 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон, аъзои AIPS мебошанд. AIPS миёни расонаҳои хабарии байналмилалӣ, варзишгарон ва сарпарастон миёнаравӣ мекунад, барои хабарнигорони навқалам маҷлису давраҳои бозомӯзӣ ташкил менамояд. Дафтари кории АIPS дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҷойгир аст. Гианни Мерлои итолиёвӣ президенти AIPS мебошад.”

Ба гуфтаи Н. Латифов Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 25-уми январи соли 2001 дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфтааст. АЖРВТ узви Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ мебошад. Ин тасмим дар Конгресси 74-уми AIPS, ки аз 22-юм то 27-уми марти соли 2011 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ барпо гардид, гирифта шудааст.

“Аҳдофи аслии Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин АЖРВТ ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад,” - иброз дошт Нарзулло Латифов.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG