Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: ИМА барои таъмини амнияташ талош мекунад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки ИМА чун дигар кишварҳо барои таъмини манфиатҳо ва амнияташ аз чораҳои зарурӣ кор хоҳад гирифт. Ин изҳорот ба думболи нашри хабар оиди ҷосусии хадамоти кашфи Амрико аз болои ҳампаймонҳояш дар Осиёву Аврупо пахш шуд.

Ҷон Керрӣ мушкили ба миёномадаро дар долонҳои нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узве АСЕАН дар Бруней бо раиси бахши хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон баррасӣ кард. Тафсилоти ин мулоқот маълум нест. Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо хабар доданд, ки ҳама биноҳои ин ниҳод ба хотири дарёфти таҷҳизоти ҷосусӣ тафтиш карда мешавад.

Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳам хостори ташреҳи ИМА шудаанд. Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд ҷосусӣ аз болои ҳампаймонҳоро ғайриқобили қабул номид.

Рӯзи якшанбе маҷаллаи олмонии Der Spiegel ва рӯзномаи бритониёвии The Guardian бо такя ба иттилои Эдвард Сноуден навиштанд, ки хадамоти кашфи Амрико гуфтугӯҳои телефонии мансабдорони аврупоиро гӯш мекарданд ва шабакаҳои компутарии Иттиҳодияи Аврупо, Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ ва Ҳиндустонро таҳти назорат доштанд.

Эдвард Сноуден, ки аз сӯи ИМА дар пахши иттилои маҳрамона айбдор мешавад, то ҳол дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG