Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Аризона 19 тан аз оташнишонҳо ба ҳалокат расиданд


Дар аёлати Аризонаи ИМА ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор 19 оташнишон ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, сӯхтор гирду атрофи мавзеи Ярнел, воқеъ дар 130 километрии шаҳри Феникс - маркази вилоятро фаро гирифтааст.

Рӯзи якшанбе сокинони 50 манзил ба минтақаи амн интиқол дода шуданд. Айни ҳол сӯхтор дар майдони беш аз 800 гектар идома дорад.

Сӯхтор рӯзи ҷумъа шурӯъ шуд ва бар асари ҳарорати баланд ва шамоли сахт базудӣ майдони бузургро фаро гирифт.
XS
SM
MD
LG