Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давраи бозомӯзии мураббиёни футбол


Ислом Аҳмадов, мухахассиси узбак.
Ислом Аҳмадов, мухахассиси узбак.

Дар шаҳри Норак давраи бозомӯзии мураббиён барои гирифтани муҷаввизи дараҷаи “В”-и Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) шурӯъ шуд.

Ба ин давраи бозомӯзӣ мутахассиси пуртаҷрибаи узбак Ислом Аҳмадов, мушовири АFC, раҳбарӣ мекунад. Ҳамоҳангсози давраи бозомӯзӣ Боир Эгамбердиев, мушовири Федеросиюни футболи Тоҷикистон, мебошад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федеросиюни футболи Тоҷикистон давраи бозомӯзии мураббиёни футбол то 17-уми июл идома хоҳад кард. Дар машғулиятҳо 21 мураббии тоҷик, ки муҷаввизи дараҷаи «С» доранд, ширкат мекунанд. Инҳо Баҳодур Сӯфиев, Исроил Идиев, Ҳамид Каримов, Раҳматулло Фузайлов, Алишер Тӯхтаев, Аҳад Ҳамроқулов, Олимшо Қадамшоев, Аловиддин Мавлонов, Зӯрибек Зикриёев, Ҷамшед Исмоилов, Солеҳ Бухориев, Идибек Ғаффоров, Тоҷиддин Мираков, Субҳон Хоҷамов, Тоҷиддин Наботов, Ғуломҷон Маҳмудов, Сафаралӣ Раҳмонов, Насимҷон Набиев, Далер Каёсов, Ғиёс Назаров ва Одилҷон Каримов мебошанд.

Дар ин давраи бозомӯзӣ, инчунин, ду намояндаи Афғонистон - Муҳаммад Юсуф, сармураббии тими мунтахаби миллии ин кишвар ва ҳамкасби ӯ Муҳаммад Забеҳулло, ҳамчунин Рэди Трой аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат доранд.

Ба барномаи давраи бозомӯзӣ машғулиятҳои назариявию амалӣ, инчунин тамошои бозиҳо дохиланд. Баъди анҷоми машғулиятҳо ба ширкаткунандагоне, ки аз рӯи барномаи омӯзиш аз санҷиш бомуваффақият мегузаранд, сертификатҳои байналмилалии мураббиёни дараҷаи «В»-и AFC супурда мешаванд.
XS
SM
MD
LG