Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Римша Масиҳ аз Покистон ба Канада кӯч баст


 Римша Масиҳ
Римша Масиҳ
Духтари насронии покистонӣ, ки бо оташ задани Қуръон муттаҳам мешуд, ҳамроҳ бо аҳли оилааш ба Канада фирор кардааст.

Вакили мудофиаи Римша Масиҳи 14-сола ва як гурӯҳи насронии мустақар дар Канада мегӯяд, ки ин духтар ва оилааш чанд ҳафта пеш ба Канада ҳиҷрат намуд.

Тибқи гузоришҳои расида оилаи ин духтар бо таҳдидҳои мусулмонон, ки дар Покистон аксариятро ташкил медиҳанд, мувоҷеҳ буд. Ба навиштаи расонаҳои Канада Римша ва оилааш ҳоло дар шаҳри Торонто иқомат доранд.

Римша моҳи августи соли 2012-ум дар Исломобод боздошт шуд. Ӯро бо тавҳин ба дини ислом муттаҳам карданд, зеро як мулло иброз дошт, ки Римша саҳифаҳои Қуръонро оташ задааст.

Аммо маълум шуд, ки мулло худаш саҳифаҳоро оташ задааст, то Римшаро муттаҳам кунад.

Сипас мулло бо сохтани шаҳодат муттаҳам шуду Римшаро озод карданд. Парвандаи Римша таваҷҷӯҳи аҳли оламро ба қонуни зидди куфр дар Покистон ҷалб кард, ки ба қавли бисёриҳо ба хотири таъқиби ақаллиятҳои мазҳабӣ таҳия шудааст.
XS
SM
MD
LG