Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрӣ ё сабаб?


Агар 1-2 сол пеш дар кӯчаҳо лӯлиён бо суханони “Хола (ака) хайр кун”, “пул те” ба роҳгузарҳо муроҷиат мекарданд, пас ҳоло тангаҳо, озуқавориро написандида, “як сум те” гӯён аз паси роҳрав қариб то нисфи роҳаш мераванду, баъзан ба китфу дасти кас овезон шуда, пеши роҳро мегиранд...

Ҳар яки мо ба лӯлиён пул додаем. Шахсе аз барои раҳм, дигаре барои савоб, саввум барои кушоиши кор ва ё аз барои халосӣ ёфтан аз онҳо. Оё касе боре фикр кардааст, ки онҳо чанд нафар ҳастанд? Чӣ гуна умр ба сар мебаранд? Барои чӣ кор намекунанд, чун онҳо низ ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон худро қайд кардаанд? Ва оё мо дар ҳақиқат ба онҳо дар ёрӣ мерасонем?

Он ки зисту зиндагии ҷӯгиён хеле хуб аст, дорои хонаҳои зебову калон, забони хоси худро доранд ва шояд ба чизе мӯҳтоҷ нестанд, ба шахсони зиёде маълум аст. Лекин барои хурондану пӯшондани худ ва наздиконашон аз саҳар то бегоҳ дар кӯчаҳои серодам, дуртар аз милисаҳо талбандагӣ карда, умр ба сар мебаранд. Яке аз онҳо дар ин навор воқеиятро чунин шарҳ медиҳад:

Як рӯзи лӯлиён
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:47 0:00


Бисёри лӯлиён барои муҳофизати худ далел меоранд, ки ин касби бобогии онҳост, ҳафт пушташон ба ин кор машғул буданд ва ҳатто хату савод надоранд. Агар ду ё се насли ин қавм аз талбандагӣ даст кашанд, шояд ин одати бади онҳо аз байн равад. Аслан ҳукумат бояд ба онҳо аҳамияти ҷидди диҳад. Чун мо қонун “Дар бораи масъулияти падару модар” дорем, ки дар чаҳорчубаи он метавон ин падидаи номатлубро аз байн бурд. Лӯлиён нисбат ба фарзандони хеш ноадолатӣ мекунанд. Агар онҳо фарзандони худро ба мактаб рафтан ва таълим гирифтан дастгирӣ ва кӯмак кунанд хеле хуб мешавад.

Роҳгузарҳо низ нисбати ин мавзӯъ фикру ақидаи худро доранд ва ҳангоми пурсиш зиёде аз онҳо чунин посух медоданд:

Назари раҳгузарон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00


Ситорабону Назарова, ки коргари ҳафтаномаи “Омӯзгор” мебошад, моҳи августи соли 2012 як мақолае бо номи “Оҳ, лӯлиёни ширинкор...” чоп карда буд, кидар он посухи маркази кулли ҳисобдории агентии омори назди президенти ҶТ, 2334 нафар будани ҷӯгиёнро (1086-и онҳоро кӯдакон ташкил медоданд) тасдиқ мекард. Инчунин танҳо 16 нафар дар ш.Душанбе ба қайд гирифта будани онҳо қонеъ накарда, худ аз паси ҷустуҷӯи миқдори лӯлиён шуда буд. Ба ақидаи ӯ, ҷомеа метавонад, ба ҳаёти ҷӯгиён таъсири мусбати худро расонад:

Назари коршинос Ситорабону Назарова
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:38 0:00
Линки мустақим


Таҳқиқи Ситорабону нишон дод, ки танҳо дар Сангтӯда 130 нафар (23 нафар кӯдакони синни мактабӣ, ҳамагӣ 2 нафар таҳсил мекунанд ва 99 аз 100 нафар худро тоҷик қайд кардаанду танҳо 2 пиронсол лӯлӣ), дар Душанбе наздик ба 10 000 ва умуман дар Ҷумҳурӣ теъдоди онҳо зиёда аз 20 000 нафар аст.

Ин матлаб аз тарафи шогирдони Мактаби журналистикаи чандрасонаӣ дар шаҳри Душанбе омода шудааст.
XS
SM
MD
LG