Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел ҳаракат дар масири Тоҷикистон-Чинро халалдор кард


Офати табиӣ ҳаракати нақлиётӣ дар масири байни Тоҷикистону Чинро халалдор кардааст. Ба иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон, байни деҳоти Морҷ ва Дузухдараи ноҳияи Шуғнон сел қариб 200 метри роҳи нақлиётиро шуста бурда, ҳаракати нақлиёт ба мудати як шабонарӯз қать гардид. Дар ду тарафи маҳалли офат бештар аз 70 автомашинаҳои борбар, ки аз Чин молу коло интиқол медиҳанд ва мусофирони масири Мурғоб–Хоруғ ҷамъ омаданд. Масъулини идораи истифодабарии роҳҳои вилоят мегӯянд, барқарор намудани роҳи шустшуда бар асари селоб вақти зиёд мехоҳад. Аз ин рӯ онҳо дар мудати кӯтоҳ барои ҳаракати нақлиёт болотар аз ҷойи офат роҳи муваққатӣ сохтанд.
XS
SM
MD
LG