Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар вилояти Маскав меҳмонсарои тоҷикӣ боз шуд


Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гузориш медиҳад, ки дар ҳошияи ҷашни 16-умин солгарди имзои Созишномаи умумии сулҳи миёни тоҷикон дар минтақаи Виднои вилояти Маскав маросими ботантанаи ифтитоҳи мини-ҳотел ё худ меҳмонсарое бо номи "Сино" барпо шуд.

Муассиси ин меҳмонсаро соҳибкори точик Абдуқодир Ҷабборов будааст.

Дар кушоиши меҳмонсаро сафири Точикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев, намояндагони сохторҳои хукумати вилояти Маскав ва ҷамъи ҳамватанони муқими шаҳру вилояти Маскав иштирок доштанд.

Саттор Ҳалимов- сарвари меҳмонсарои тоҷикии вилояти Маскав мегӯяд, сарошпази маъруфи тоҷикистонӣ Икромиддин Шарипов бо хӯроку хӯрданихои миллии тоҷикӣ мизоҷонро меҳмондорӣ хоҳад кард.

Дар анҷоми маросим консерти идона бо иштироки ҳунармандони шинохтаи тоҷикистонӣ: Алишер Қаноатзода, Салоҳиддин Бобоҷонов, Ҷамолиддин Усмонов ва Файзулло Тошев баргузор гардид.
XS
SM
MD
LG