Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд аз пойгоҳи Тартус берун нашудааст


 Пойгоҳи баҳрии Русия дар Тартуси Сурия
Пойгоҳи баҳрии Русия дар Тартуси Сурия
Низомиёни Русия хабарҳо дар бораи беруншавии низомиёни ин кишвар аз пойгоҳи баҳрии воқеъ дар Сурияро рад кардаанд.

Рӯзи панҷшанбе вазорати мудофиаи Русия иброз дошт, ки ин кишвар ҳайати низомии пойгоҳи баҳрии Тартусро бо ходимони мулкӣ иваз кардааст, вале пойгоҳи ба таври маъмулӣ фаъол аст.

Ба қавли вазорат ин табодул барвақттар сурат гирифта буд. Пойгоҳи Тартус ягона пойгоҳи низомии Русия дар берун аз қаламрави ҷамоҳири собиқ шӯравӣ аст.

Рӯзи чоршанбе рӯзномаи русии Ведомости аз номи як манбаи барояш муътамад иқтибос овард, ки феълан дар Тартус ягон нафар: на низомӣ ва на ходими мулкии вазорати мудофиаи Русия боқӣ намондааст.

Русия таъминкунандаи асосии режими президенти Сурия Башор ал-Асад бо силоҳ мебошад ва сарфи назар аз фавти беш аз 93 ҳазор нафар дар давоми ду соли ҷанги шаҳрвандии Сурия Маскав содироти силоҳ ба Сурияро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG