Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷангсолорон маззаи ҳукумати силоҳро чашида буданд"


Абдумаҷид Достиев
Абдумаҷид Достиев

Дар нахустин солҳои имзои созишномаи сулҳ ҷангсолорон барои саҳми худ дар ҷанг аз раҳбаронашон имтиёз мехостанд.

Аз имзои созишномаи сулҳи тарафҳои даргири Тоҷикистон 16 сол мегузарад. Бо вуҷуди он ки ҷонибҳо сулҳ карда буданд, фармондеҳоне, ки аз ду тараф дар даргириҳо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷониби ҳукумат ва ё нируҳои мухолифонро раҳбарӣ мекарданд, барои саҳми худ дар ҷанг аз раҳбарони худ имтиёз мехостанд. Онҳо то андозае ҳукми раво доштанд ва барои худ курсии порламон ё мақомоти дигарро дар сохторҳои ҳукумативу давлатӣ тақозо мекарданд. Гузашта аз ин, чунин фармондеҳон байни худ корхонаву муассисот ё нуқтаҳои даромаддиҳанда дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигарро ба истилоҳ “тақсим” карда буданд.


Абдулмаҷид Достиев дар бораи солгарди сулҳ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00
Линки мустақим


Дар шаҳри Душанбе ҷангсолорон ва афроди наздик ба онҳо нисбат ба ҳукумат “ҳокимият”-и бештар доштанд. Ҳам ҷангсолорони ҷониби давлат ва ҳам ҷониби мухолифон худро ҳомии сулҳ мепиндоштанд ва дар ҳар ҷо ва бо ҳар кас аз мавқеи ҳукумат сӯҳбат мекарданд, вале байни худ барои ҳимоят аз манфиатҳои молиашон рақобат низ доштанд. Чунин рақобатҳо ва “иштиҳо”-и бештари молу сарват боис шуд, ки баъзе аз онҳо мақомҳои ҳукуматии худро кам-кам аз даст доданд ва ҳатто барои ҷиноятҳое, ки огоҳона ва ё ғайриогоҳона содир карда буданд, паси панҷара низ рафтанд.

Маросими имзои созишномаи сулҳ дар Маскав
Маросими имзои созишномаи сулҳ дар Маскав
Ҳукумату давлат тадриҷан “ҷон” гирифтанд ва онҳоро аз саҳна берун ронданд. Давлату ҳукумат марҳила ба марҳила барномаҳои муҳор кардани ҷангсолорони якравро иҷро карданд. Вале шуморе аз ин ҷангсолорон масъулиятро дарк карда буданд ва ба зудӣ худро ба муқаррарот мутобиқ намуданд.
Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Маскав, ки дар солҳои аввали истиқлол раҳбарии ҳайати ҳукуматиро дар чанд даври музокироти сулҳ бар уҳда дошт ва ҳамраиси Кумиссиюни оштии миллӣ буд, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ он солҳоро ин гуна ба ёд меорад:

Достиев: Душманони умумии зидди тоҷикӣ доштем. Ба ғайр аз ин дар ду ҷониб ҳам қувваҳое буданд, ки аз идомаи ҷанг манфиатдор буданд. Ҷониби оппозитсия ҳам вақте, ки дар бораи таҳдидҳои мавҷудияти давлати миллӣ ва ё пароканда шудани он сӯҳбат мерафт, онҳо ҳам ҳаминро дарк мекарданд. Мумкин аст яке аз омилҳои асосӣ ҳамин буд, ки ба ҳамаи ин гана нируҳои зидди ваҳдати миллӣ истодагарӣ шуд ва шукр, ки ба ҳамин рӯз расидем.

Озодӣ: Оё ҷангсолорон аз ҳар ду тараф метавонистанд таъсири худро гузоранд ё иродаи худро таҳмил кунанд?

Достиев: То ба имзо расидани созишнома аз ҳар ду ҷониб қувваҳое буданд, ки то байрақа дар Помир задан ҷангро давом метем, гуфта буданд. Лекин сардори давлат, қуваҳои солим сулҳро дастгирӣ карданд. Аз тарафи силоҳдорони ҷониби ҳукумат ягон таъсир барои имзои созишномаҳо набуд. Буд..., ниёиш буд, истодагарӣ буд, лекин пеш аз ҳама сардори давлат ва ҳукумат, порламони кишвар онҳоро дар ҷои худашон мешинонданд ва имрӯз ин кор то ин дараҷа омада расид.

Дар ин маврид ман мехоҳам бигӯям, ки барои раҳбарияти оппозитсия кам кам дар аввал душворӣ буд. Вақте, ки соли 1997 аввалин бор Комиссияи оштии миллӣ ба Тавидлдара сафари корӣ дошт, ман раиси ин кумиссиюн ва дигар аъзои гурӯҳи кориро ҳамроҳӣ мекардам, бо Иброҳим Усмонов аз ҷониби ҳукумат нахуствазирро
Саид Абдуллоҳ Нурӣ
Саид Абдуллоҳ Нурӣ
бурда будем ва худамон эҳсос кардем, ки ҷангсолорон чӣ қадр таъсир доранд. Ба раиси Кумиссиюни оштии миллӣ Саид Абдуллоҳи Нурӣ яке аз онҳо гуфт, ки “шумо дар ҳотелҳои гарму панҷситорадор гаштаед, мо ҷанг кардем ва мо шуморо овардем”. Ин намунаҳо ҳам буд. Ман хидматҳои раҳбарияти оппозитсияро эътироф мекунам, зеро масъулиятро бар дӯш гирифт ва оҳиста-оҳиста бо дастгирии президенту порламону Комиссиюни оштии миллӣ ҷангсолорон силоҳро гузаштанд. Гуфтани он имрӯз осон аст. Баъзе одамон инро намефаҳманд. Тасаввур кунед, ки одамон он вақт якдигарро мепарронданд, ҷониби якдигар тир холӣ мекарданд.

Вале намунаи дигари ҳамкории ҷангсолон низ буд. Вақте, ки яке аз фармондеҳони ҷониби ҳукумат, ки аз аввал ба сулҳ мухолиф буд, силоҳ кашиду ба Тоҷикистон даромад, беҳтарин намунаи ба ҳам омадани силоҳбадастони ҳам ҷониби давлат ва ҳам ҷониби оппозитсия буд. Онҳо ифтихори миллӣ нишон доданд. Онҳо бо ҳам рафтанд ва аз ин вартаи вазнину ҷангзо ҷомеаро халос карданд.

Озодӣ: Фикр намекунед, ки яке аз барномаҳои муваффақи давлату ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз заминаҳои сулҳро дар Тоҷикистон фароҳам овардааст, барномаҳои муҳор кардани ҷангсолорон буд, ҷангсолороне, ки гаҳ-гоҳе дар ин ё он соҳа дар тасмимгириҳо талош мекарданд, ки дахолат кунанд? Ҳамин гуна ҷангсолорон дар порламон ҳам буданд. Оё ҳукумат тавонист дахолати онҳоро оҳиста-оҳиста хунсо ва барномаҳои худро иҷро кунад?

Достиев: Ҳукумат дар ин самт бисёр сарсупорона кор кард.

Озодӣ: Баъзе аз ҷангсолорон хоҳ аз ҷониби ҳукумат буданд ва ё хоҳ аз ҷониби мухолифин ба ҳукумат сар намефароварданд. Ба назари шумо хунсо кардани онҳо дар ҳамон марҳила барои ҳукумат зарур буд ва онро метавонем барномаи муваффақиятомези ҳукумат бигӯем?

Достиев: Ман ду тарафро дар назар дорам, бисёре аз силоҳбадастони ҳамон вақт шофёру тракточиву подабону дигару дигари дирӯза буданд. Дар тӯли ду-соли даргирӣ онҳо ҳукумати силоҳро, яъне тавассути силоҳ ҳамаи корро ҳал мекарданд ва маззаи онро чашида буданд. Барои ҳамин осон набуд, ки онҳоро маҷбур кунанд, то онҳо баргашта раванду кори мулкии худро давом диҳанд. Хайр, вақт нишон медиҳад, мардум ва таърих баҳо медиҳанд. Ин бисёр душвор буд, хушбахтона дар ин ҷониб кам буданд. Барои он, ки дар давоми иҷлоси 16 бо як даъвати раиси Фронти халқӣ Сангак Сафаров худашон баргашта рафтанд. Моҳи феврали соли 1993 худашон пароканда шуда аз паси кори худ рафтанд. Вале чанд нафари дигар монда буданд ва дар байни ҳамин мондагиҳо ҷангхоҳу манфиатдори ҷанг буданд. Кор кардан бо онҳо душвор буд. Лекин шукр, ки ҳукумат оҳиста-оҳиста қудрат пайдо кард, кадомеро, ки сар мебардошт, саркӯб карда метавонист. Баъд аз он касе, ки хоҳишманди ҷанг буд, маҷбур сар фаровард. Вале касе, ки то охир нахост, мана аҳволашон чӣ шуд, ба ману шумо маълум.
XS
SM
MD
LG