Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консорсиум масири содироти гази озариро эълон кард


Ширкати энергетикии Австрия бо номи OMV эълон кард, ки консорсиуми байналмилалӣ аз истифодаи лӯлаи ғарбии интиқоли нафту газ, ки бо номи Набукко маъруф аст, даст мекашад.

OMV, ки яке аз ширкатҳои асосии бунёдкунандаи лӯлаи Набукко мебошад, рӯзи чоршанбе изҳороте пахш намуда, иброз дошт, ки консорсиум дар бораи масири интиқоли маводи сӯхт ба Аврупо маълумот нашр намуда, таъкид кардааст, ки барои содироти гази табиӣ аз кони Шоҳ Дениз 2 лӯлаи Транс Адриатикро, ки бо номи ТАП (TAP)маълм аст, истифода хоҳад бурд.

Интиқоли маводи сӯхти баҳри Каспий ба Аврупо бо истифода аз ин масир арзонтар будааст. Барои қарордоди интиқоли маводи сӯхти Озарбойҷоен ба Аврупо фақат ду ширкат Набукко Вест ва ТАП мусобиқа доштанд.

Дар коркарду истихроҷи гази табиӣ аз кони Шоҳ Дениз 2 ширкатҳои Британия, Озарбойҷон, Норвегия ва Олмон саҳм доранд.
XS
SM
MD
LG