Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав кӯчаи ба номи Чавез арзи вуҷуд мекунад


Дар шаҳри Маскав кӯчаи ба номи Уго Чавес арзи вуҷуд хоҳад кард. Ба иттилои хабаргузориҳои русӣ, кӯчаи нав дар минтақаи Хорошёвскаяи пойтахти Русия бунёд мешавад. Тули он 170 метр буда, он кӯчаи ба номи Микоянро бо хиёбони Ленинград мепайвандад.

Радиои “Эхо Москвы” хабар дод, ки тасмим дар бораи гиромидошти ёди Уго Чавес дар Кремл гирифта шудааст. Бар пояи қавонини Русия, фақат баъд аз даҳ соли даргузашти ин ё он фарди маъруф метавон хиёбонеро ба номи ӯ гузошт, аммо раисиҷумҳур ва мири шаҳр ҳақ доранд, ки ин маҳдудиятро сарфи назар кунанд.

Баҳори соли равон яке аз кӯчаҳои шаҳри Ал-Бири Фаластин ба номи Чавес гузошта шуд. Шарҳдори Минск ҳам пешниҳод кардааст, ки яке аз кӯчаҳои шаҳраки Каменная Горка дар пойтахти Белорусияро “коменданте Чавес” номгузорӣ кунанд.

Уго Чавес, раҳбари пешини Венесуэла, 5 марти соли равон бар асари маризии саратон аз олам даргузашт.
XS
SM
MD
LG