Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири қудрат дар Қатар. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ?..


Шоҳзода Тамим бини Ҳамад ал-Танӣ ба тахти салтанатии Қатар нишаст.

Рӯзи сешанбе амири Қатар Ҳамад бини Халифа ал-Танӣ дар як муроҷиат ба мардум эълом дошт, ки аз қудрат даст мебардорад ва аз ин баъд раҳбарии кишвар бар дӯши писари 33-солааш шоҳзода Тамим бини Ҳамад ал-Танӣ хоҳад буд. Як рӯз аз ин пеш ӯ аз ин тасимаш хонаводаи ҳукмронро огаҳ карда буд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, бори аввал дар кишварҳои Халиҷи Форс интиқоли қудрат аз роҳи мутамаддин ва бидуни хунрезӣ сурат гирифтааст. Ба ин муносибат Додгоҳи салтанатии Қатар эълом дошт, ки 25 июн дар Қатар иди миллӣ эълон мешавад. Коршиносон мегӯянд, ки ҳарчанд ин рӯйдод барои кишварҳои арабӣ муҳим аст, аммо гумон аст ба сиёсати дохиливу хориҷии Қатар таъсире дошта бошад, зеро аз сӯи амири нав кор гирифтан аз тағйироти ҷиддӣ байид ба назар мерасад.

Худи Шайх Ҳамад бини Халифа ал-Танӣ бар асари як кудатои бидуни хунрезӣ қудратро соҳиб шуда буд - ӯ дар ҳоле ба тахт нишаст, ки падараш дар Швейсария дам мегирифт. Баъзе коршиносон ҳадс мезананд, ки шояд амир аз имкони такрор шудани сарнавишти падараш нигарон буд ва илоҷи воқеъаро пеш аз вуқӯъ пайдо кард,

Хабаргузориҳо менависанд, ки сару садоҳо дар бораи имкони интиқоли қудрат дар Қатар ду сол қабл, баъд аз амалиёти ҷарроҳии номуваффақи раҳбари кишвар пайдо шуданд – Шайх Ҳамад аз фарбеҳӣ ва маризии қанд азият
Бинои дафтари сиёсии "Толибон" дар Доҳа
Бинои дафтари сиёсии "Толибон" дар Доҳа
мекашад ва ҷарроҳӣ вазъи ӯро сангинтар кард. Аз сӯи дигар, сиёсати амир солҳои ахир боиси норозигиҳо дар кишвар ва берун аз он шуд. Ҳампаймони асосияш дар кишвар - сулолаи нерӯманди Атийя, ки саноати газро таҳти назорат дорад, аз амир тақрибан рӯ тофтааст, зеро шайх Ҳамад дар ҳалли мушкили фурӯши газ оҷиз монд.

Шайх Тамим бини Ҳамад 5 августи соли 2003, баъди аз довталабии тахт даст кашидани бародари бузургаш шайх Ҷосим, меросбари падар эълон шуд. Ӯ соли 1980 дар Доҳа ба дунё омада, дар мактабҳои бонуфузи бритониёвӣ таҳсил кардааст. Амири нави Қатар соли 1998 Академияи низомии салтанатӣ дар Санҳерест (Бритониё)-ро хатм кардааст. То рӯзҳои ахир муовини фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар буд.

Қатар дар шимолу шарқи нимҷазираи Араб ҷойгир аст. Ин кишвар аз ҷиҳати захоири газ дар олам дар мақоми сеюм қарор дорад. Дар феҳристи бузургтарин содиркунандагони нафт ва маҳсулоти нафтӣ дар ҷойи 21-ум мебошад. Қатар аз ҳампаймонҳои аслии ИМА маҳсуб мешавад – дар кишвар бузургтарин дар Халиҷи Форс пойгоҳи низомии Амрико мустақар аст. Дар Қатар ҳамчунин дафтари асосии шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” ҷойгир шудааст. Моҳи равон дар пойтахти кишвар - Доҳа дафтари ҷунбиши “Толибон” ифтитоҳ шуд.
XS
SM
MD
LG