Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милош Земан нахуствазири нави ҷумҳурии Чехро таъйин кард


Милош Земан-раиси ҷумҳури Чех мушовири иқтисодии худро нахуствазири ин кишваро таъйин кард. Ба вай пешниҳод шудааст, ки кобинаи вазирони худро аз ҳисоби коршиносон ташкил кунад.

Йиржӣ Руснок иқтисоддони 52 сола акнун нахуствазири нави ҷумҳурии Чех хоҳад буд ва дар ин мақом Петр Нечасро иваз хоҳад кард. Нечас баъд аз ифшои як гурӯҳи ришвахор дар ҳукуматаш маҷбур шуд аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо диҳад.

Ҳоло порламони Чех номзадии Руснокро ба тасвиб нарасондааст ва ҳизбҳо гуфтаанд, ки номзадии вайро ба чолиш хоҳанд кашид. Руснок солҳои 2001-2002 дар ҳукумати чапгарои Милош Земан-раиси ҷумҳури кунунӣ вазири молия буд.
XS
SM
MD
LG