Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Покистон хоҳони муҳокимаи Мушарраф аст


 Навоз Шариф ( дар марказ)
Навоз Шариф ( дар марказ)
Сарвазири Покистон Навоз Шариф бар ин назар аст, ки собиқ ҳокими низомии ин кишвар Парвез Мушарраф бояд бо иттиҳоми хиёнат ба ватан ба додгоҳ кашида шавад.

Рӯзи душанбе аз минбари парламенти ин кишвар Шариф гуфт, Мушарраф бояд ба хотири поймол намудани қонуни асосии Покистон дар соли 1999, яъне барканор намудани ҳукумати интихобшуда ва барканор намудани додрасҳову ҷорӣ кардани вазъи фавқулода дар соли 2007-ум муҳокима шавад:

Сарвазири Покистон савганд мехӯрад, ки аз қонуни асосӣ ҳимоят мекунад. Дар савганди ӯ ишора шудааст, ки ҳар фарди муттаҳам бо поймол намудани банди шашуми сарқонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.”

Ин пешниҳоди сарвазири Покистонро ҳизбҳои мухолифи ҳукумат дастгирӣ кардаанд.

Генерали мустаъфӣ Мушарраф дар моҳи март ба Покистон баргашт ва ҳоло дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Ӯ исрор меварзад, ки ҷурме содир накардааст.
XS
SM
MD
LG