Тибқи гузоришҳои расида дар эътирозҳои зиддиҳукуматии Бразилия камаш як нафар ҳалок шудааст.
Рӯзи панҷшанбе садҳо ҳазор нафар дар кӯчаҳои ин кишвар ба гирдиҳамоии зиддиҳукуматӣ баромада буданд.
Дар шаҳри Сан Паулу бар асари бархӯрди мошин бо издиҳом як марди эътирозгар ҳалок шуд. Дар шаҳри Рио да Жанейро полис бо истифода аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ эътирозгаронро пароканда кард.
Дар пойтахти Бразилия полис аз юриши эътирозгарон ба бинои вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ҷилавгирӣ намуд.
Эътирозҳои Бразилия баъди боло бурдани нархи роҳкирои нақлиёт оғоз ёфта, ба тадриҷ ба эътирози зидди фасод ва нархи баланди мизбонии мусобиқаҳои байналмилалии шабеҳи Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2014-ум табдил ёфтааст.
Ба қавли эътирозгарон давлат бояд ба соҳаҳои маорифу беҳдошт пули бештар масраф кунад.