Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони афғон мегӯянд, ҳузури онҳо дар ҳаёти сиёсӣ рӯ ба хатар аст


Яке аз муҳимтарин дастовардҳои марҳилаи баъди Толибон дар Афғонистон, ҳуқуқи занҳо барои иштирок дар ҳаёти сиёсии кишвар ба хатар рӯ ба рӯ шудааст.

Ин ҳуқуқ, ки аз тарафи Қонуни асосии кишвар ҳимоят мешавад, дар ҳоле зери зарба омадааст, ки ҳукумат мехоҳад дар идораи давлат нақши боризтар дошта бошад. Ҳоло палатаи болоии Парлумони Афғонистон ё Вулусӣ Ҷирга тарҳи қонуни интихоботро ба баррасӣ гирифтааст, ки аз он банди марбут ба квота ва ё саҳми 25 дарсадӣ барои занҳо ҳазф шудааст.

Палатаи поёнии парлумони Афғонистон тарҳи қонунро рӯзи 22-юми май тасвиб кард ва дар сурати тасдиқи он дар палатаи болоӣ, санад ба рӯи мизи президент Карзай гузошта мешавад. Ин ҳаракат фаъолони демократӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсонро нороҳат кардааст. Онҳо мегӯянд, агар ин тарҳ қонун шавад, занҳо дар амал аз кору фаъолият дар идораҳои давлатии музофотҳо, ки бисёр муҳофизакоронад ва бо шеваи падаршоҳӣ зиндагӣ мекунанд, маҳрум хоҳанд шуд.

Парлумони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.
Парлумони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.
Ҳамзамон ин қонун метавонад теъдоди занҳоро дар палатаи болоии парлумони Афғонистон коҳиш диҳад, ки ба воситаи Шӯроҳои музофотӣ интихоб мешаванд. Ниҳоят, ин қонун ба банди Қонуни асосӣ таҳдид мекунад, ки бар пояи он чаҳоряки парлумон бояд аз ҳисоби занҳо бошад.

Фаъолон ва занҳои қонунгузори Афғонистон ин иқдомро ҳамчун як бахши талошҳои ҷиддитари нирӯҳои муҳофизакор барои нуфуз дар сохторҳои Афғонистон ва ташаккули кишвар бо хости дили онҳо арзёбӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, муҳофизакорон дар ҳоле даст ба амал шудаанд, ки нирӯҳои байналмилалӣ барномаи берун шудан аз хоки кишварро матраҳ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки дар ростои интихобот ва берун шудани нирӯҳои байналмилалӣ дар соли 2014 ташаннуҷи сиёсӣ дар кишвар аз имкон берун нест. Ҳоло муҳофизакорон баҳси густардаеро атрофи нақши занҳо дар идораи давлат оғоз кардаанд ва вуҷуди замонати ҳама гуна саҳми вежа барои онҳоро амали “ғайридемократӣ” унвон кардаанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00
Линки мустақим

Раиси комиссияи қонунгузори палатаи поёни парлумони Афғонистон Қозӣ Назир Аҳмад Ҳанафӣ мегӯяд, ки замонати саҳмияи 25 дарсадӣ барои занҳо муғойир ба Қонуни асосии кишвар аст. Зеро ба гуфтаи ӯ, “ дар ин ҳол онҳое, ки райъи камтар ба даст овардаанд, ба довталабоне, ки овози бештар гирифтаанд, пирӯз мешаванд. Чаро бояд марде, ки чаҳор ҳазор райъ гирифтааст, бояд бибозад ва як зан бо панҷсад ё ҳазор раъй пирӯз шавад? Ин ба маъноест, ки онҳо пеш аз пеш таъин шудаанд.“

Қонуни асосии Афғонистон теъдоди занонро барои ҳузур дар Шӯроҳои вилоятӣ мушаххас накардааст, аммо гуфтааст, ки 25 дарсади нишастҳо дар ҳарду палатаи пурлумон бояд аз занҳо бошад.

Шукрия Борикзай, вакили парлумони Афғонистон
Шукрия Борикзай, вакили парлумони Афғонистон
Шукрия Борикзай, намояндаи маъруфи палумони Афғонистон моҳи гузашта дар палатаи поёнӣ ба матни бознигаришудаи қонуни интихобот овоз дод. Аммо баъдан, вақте дид, ки банди марбут ба саҳми занҳо аз қонун берун мондааст, хеле нороҳат шуд. Ӯ мегӯяд, қонунгузоронро фиреб доданд, зеро комиссияи қонунгузор намояндагони мардумиро аз лағви банди марбут ба занҳо огоҳ накардааст.

Борикзай ин иқдомро тавтеа алайҳи занҳо унвон кард. Ӯ гуфт, “ Баъзе ҷиноҳҳои парлумон ба монанди Ҳизби Исломӣ ва Ҷамъияти Исломӣ мехоҳанд дастовардҳои демократиро нест кунанд. Онҳое мехоҳанд ба замоне баргарданд, ки ҳукумат аз мили камон бадар мешуд. Онҳо аз ҳуқуқу имконоти занҳо метарсанд, зеро намехоҳанд сиёсатеро бубинанд, ки тавассути баргаҳои раъй ҳал мешавад на бо тиру камон.”

Ба гуфтаи Борикзай, баъзе нафарони бонуфузи ин аҳзоб мухолифати худро ба демократия пинҳон намедоранд. Онҳо ба таъсиси Шӯрои миллӣ даъват мекунанд, ки бояд ҳукумати бо роҳи қонунӣ интихобшударо иваз кунад. “Ҳассосияти сиёсӣ ва таҳдид нисбат ба занҳо ҳамеша дар Афғонистон вуҷуд дошт. Аммо ҳоло ҳузури занҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиии ҷомеа зери хатар омадааст."

Бознигарии қонуни интихобот ҳамзамон ояндаи намояндагии занҳо дар ҳарду палатаи парлумон, 11 нишаст дар палати болоӣ ва 17 ҷой дар палатаи поёнии парлумонро зери суол бурдааст
XS
SM
MD
LG