Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷумҳурии Чех ба "капитан Катанӣ" марг таҳдид намекунад


Милош Земан-раиси ҷумҳур дар ҳоли қабули истеъфои Петр Нечас-нахуствазири Чех
Милош Земан-раиси ҷумҳур дар ҳоли қабули истеъфои Петр Нечас-нахуствазири Чех

Дар ҷумҳурии Чех гурӯҳи бозрасон мафияеро ошкор ва хунсо карданд, ки дар ҳукумату давлат реша давондааст. Чӣ тарз бозрасон ба комёбӣ ноил шуданд?

Дар давоми бештар аз 20 соли истиқлоли худ ин ҷумҳурии аврупоӣ ба чунин бӯҳрон рӯ ба рӯ нашуда буд. Дар ин бӯҳрони ришвахорӣ гурӯҳе аз шахсиятҳо ва мақомоти баландпояе даст доштаанд, ки мубориза бар зидди чунин гурӯҳ кори содда набуд. Ҳар кас қабл аз даст задан ба чунин мубориза на танҳо бо сарнавишти ояндаи кории худ бозӣ мекард, балки ба эҳтимоли зиёд ҳаёти худро низ ба хатар меафканд.

Мушкил ин буд, ки аъзои гурӯҳи ришвахор дар сохторҳои ҳукуматӣ кор мекарданд ва дар берун аз аз сохторҳои ҳукматӣ бо шахсиятҳои пурнуфуз робита ва ҳамкорӣ доштанд. Ба кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ба раҳбарии Роберт Шлахта ва ба кормандони додситонӣ дар давоми якуним сол ҳар лаҳза ифшои амалиёт ва нокомӣ таҳдид мекард.

Ин раёсат ба сохтори вазорати корҳои дохилаи ҷумҳурии Чех дохил мешавад. Бо вуҷуди ин раёсат то андозае мустақил аст ва мустақилияташ дар он дида мешавад, ки пойбанди доираҳои сисёсии кишвар ё ҳизбҳои сисёсӣ нест. Ҳамин мустақилият имкон медиҳад, ки кормандони раёсат сохторҳои давлативу ҳукуматиро аз нақзи қонун ва фаротар гузоштани пой аз чаҳорчӯбаи он боздоранд. Ярослав Шимов-коршиноси умури ҷумҳурии Чех ва Аврупои Марказӣ дар радиои Озодӣ мегӯяд, ин амалиёт тақрибан якуним сол давом кардааст ва то андозае маҳрамона анҷом
Ярослав Шимов
Ярослав Шимов
гирифтааст, ки касе аз гурӯҳи ришвахор “аз он бӯ набарад”, то ҳуҷҷатҳои зиддунақиз ё нишонаҳои дигар, аз қабили ёддоштҳои худ , наворҳо ва амсоли онро нобуд насозад ва аз кайфари аъмолаш дар канор намонад. Бо вуҷуди ин чунин амалиёт бояд бо иҷозаи додгоҳ анҷом бигирад. Ярослав Шимов мегӯяд:

“Амалиёт бо иҷозаи додгоҳ анҷом гирифт. Низоми додгоҳии кишвар собит сохт, ки мустақилона фаъолият мекунад он гуна, ки дар давлати демократӣ бояд фаъолият кунад. Собит шуд, ки додгоҳ ва додситонӣ бар асоси қонун мустақилона кор мекунанд ва дар “ҳавои мусиқии” ҳукумат намерақсанд, яъне он гуна, ки муқаррароти як кишвари демократӣ онро тақозо мекунад. Ин ду ниҳод шохаҳои сохтори ҳукумат ҳастанд ва идомаи фаъолияти давлатро таъмин мекунанд”.

Нахуствазир Петр Нечас, ки тибқи қонуни ҷумҳурии Чех раҳбари аслӣ ба шумор меравад, аз ин амалиёт огаҳ набуд. Роберт Шлахта дар як нишасти хабарӣ баъд аз анҷоми муваффақиятомези амалиёт гуфт, гурӯҳи кормандонаш танҳо замоне ба нахуствазир аз ин амалиёт хабар додаанд, ки бехабар бо дастгоҳҳои рӯшанишудаи наворбардорӣ вориди дафтари кориаш шудаанд ва гузориш додаанд, ки алакай раиси дафтари нахуствазир боздошт шудааст ва мехоҳанд дафтари кории вайро низ бозҷӯӣ кунанд. Нахуствазир аз ин хабар ҳайратзада шудааст, вале бо дидани иҷозатномаи додгоҳ таҳаммулро пеша кардааст ва танҳо гуфтааст, ки “бифармоед, вазифаи қонунии худро иҷро кунед”.

Ҳамзамон 400 нафар кормандони раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар вазоратҳои дигар, дар ширкатҳо, дар дафтарҳои ширкатҳои бонуфуз, ки бо гурӯҳи ҷиноӣ ҳамкорӣ мекард ва дар виллаҳо, яъне маҳалли иқомату истироҳати онҳо амалиёти бозҷӯиро оғоз кард. Тибқи гузоришҳо, аз ин амалиёт раиси ҷумҳур Милош Земан низ огаҳ набудааст. Вай моҳи январ раиси ҷумҳур интихоб шуд ва моҳи март ба кор сар кард. Аммо эҳтимол дорад, ки дар марҳилаҳои ниҳоӣ ба вай дар ин бора гузориш дода бошанд.

Рӯзи шанбе, 15 июн дар ин амалиёт аз мақомоти болоии ҳукумат 8 нафар боздошт шуданд. Онҳоро барои суистифода аз мақом ва ришвахорӣ муттаҳам
Яна Надёва
Яна Надёва
медонанд. Дар миёни онҳо Яна Надёва-раҳбари дафтари нахуствазир, ки гӯё бо нахуствазир робитаҳои маҳрамона низ доштааст, Милан Кованд-раиси кашфи низомӣ, Ондрей Паленик-раиси пешини кашфи низомӣ, Петр Тлухор-раҳбари ҷиноҳи ҳизби ҳоким дар порламон ва шахсиятҳои дигар ҳастанд. Аз ин боздоштшудагон 7,5 миллион доллар пули нақд ва даҳҳо кило тилло ба нафъи давлат мусодира шуд. Вале расидагӣ ба шохаҳои дигари “корнома”-и ин гурӯҳ ва тамосҳои онҳо идома дорад. Тибқи гузоришҳо, Иван Фукс-вазири пешини кишоварзӣ ва Марек Шнайдр-намояндаи пурнуфузи порламони Чех низ бо ин гурӯҳ иртибот доранд. Намояндагони ҳифзи ҳуқуқ низ ба доми ин гурӯҳ даромадаанд ва табаҳкориҳои онҳоро пинҳон доштаанд. Масалан, Либор Григарек-додситони шаҳри Прага аз ин сиёсатмадорони ришвахор ҳимоят кардааст ва табъан бо моҷаро ҳамдаст шинохта шудааст.

Дар бораи Роберт Шлахта, ки раҳбарии амалиётро бар ӯҳда дошт, маълумоти кофӣ дода намешавад, вале мегӯянд, ки вай шахсияти усулӣ ва дорои таҷрибаи хуби касбист. Вай низ дар як марҳилаи ин амалиёт ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст. Вақте ки мехост ба раҳбарони худ дар бораи баъзе аз аломатҳои ришвахорӣ дар сохторҳои ҳукуматӣ гузориш диҳад, ба вай ба таври ғайримустақим огаҳӣ доданд, вале дар ин парванда додситон Иво Иштван зарар дид ва ба мақоми поинтар бурда шуд.

Ярослав Шимов-коршиноси умури ҷумҳурии Чех ва муҳаққиқи Аврупои Марказӣ мегӯяд, дастандаркорони ин парванда медонистанд, ки дар ихтиёри худ далелҳои раднопазир доранд ва дар мурофиаи додгоҳӣ барои исбот маводи кофӣ дар ихтиёр доранд. Вагарна мафия тавони “титу пора” кардани гурӯҳи муфаттишон ва далелҳои онҳоро дошт.

Мирослава Немтсова бо ҳамҳизбиёнаш
Мирослава Немтсова бо ҳамҳизбиёнаш
Мусоҳиби мо вазъро бо 20 соли пеш дар Италия муқоиса мекунад ва мегӯяд, ки дар ҷумҳурии Чех вазъ ва шароит фарқ мекунад. Он вақт дар Италия дар мубориза бар зидди мафия баъзе кормандони тафтишотӣ ҷон бохта буданд, чун дар он ҷо ҳам мафия дар ҳукумату давлат реша давонда буд. Мубориза бо ришвахорӣ дар зинаҳои болоии ҳукумат ҳамеша хатарҳое дар пай доштааст.

Вале ҷумҳурии Чех яке аз кишварҳои демократии Аврупост ва дар он муқаррароти демократӣ бартарӣ дорад. Ба ҳамин далел муфаттишон ё бозрасон ба сарнавишти “капитан Катанӣ” дучор нахоҳанд шуд ва ба онҳо марг таҳдид намекунад.

Бо дархости раиси ҷумҳур, ҳоло Петр Начас то интихоби нахуствазири нав мақоми сарпарастро дар ҳукумат идома медиҳад ва шояд ин кор тӯл накашад, зеро аз ҳизби ҳоким Мирослава Немтсова-раиси яке аз маҷлисҳои порламон номзад ба мақоми нахуствазирӣ пешниҳод шудааст.
XS
SM
MD
LG