Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои музокира бо Толибон. Ду нигоҳ аз Душанбе


Раҳматулло Абдуллоев
Раҳматулло Абдуллоев

Талошҳо барои ҷалби Толибон ба ҳукумати Афғонистон ва музокирот дар ин замина вокунишҳоеро дар ҷомеаи Тоҷикистон низ ба бор овардааст.

Иддае аз соҳибназарон чунин иқдомеро аз сӯи Амрико ба маънии "такрор накардани иштибоҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар 20 - у чанд соли пеш" арзёбӣ мекунанд.

Раҳматулло Абдуллоев, аз масъулони Маркази мутолеоти Афғонистон ва минтақа. мегӯяд, ба Озодӣ гуфт, ки замоне ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон берун шуд, мутаассифона неруи муҷоҳидонро сарфи назар кард ва онҳоро ба ҳукумати Афғонистон шоимл накард, ки дар натиҷа шоҳиди нооромиҳои бештар ва тулонӣ дар ин сарзамин гардид.

Аммо ҳамакнун ба таъкиди ҷаноби Абдуллоев, ИМА бо хуруҷи неруҳои Эътилоф мехоҳад то ҳамоиш ё идғоми Толибон ба ҳукумати Афғонистонро фароҳам созад, ки заминаи суботу оромӣ дар ин кишвар фароҳам шавад.

Аз нигоҳи ин соҳибназари тоҷик таъмини сулҳу субот дар Афғонистон барои Тоҷикистон, ки ҳамсоя ва кишвари калидӣ дар минтақа маҳсуб мешавад, хеле муҳим аст ва албатта талош хоҳад кард, то оромӣ фарогир ва тақвият ёбад.


Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов
Аммо Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ, ба ҷалби раҳбарияти Толибон ба ҳукумати Афғонистон хушбин нест ва мегӯяд, эҳтимол дорад, доираҳои хоси қабилавии ин гурӯҳ ба ҳукумати Афғонистон шомил шаванд, ки нуфузи меҳвариро доро нестанд.

Ин коршиноси тоҷик иддаъо дорад, ки раҳбарияти Толибон зиёд алоқаманди шомил шудан ба ҳукумати Афғонистонро надорад, зеро онҳо мутмаинанд, ки метавонанд дар оянда ҳукуматро бигиранд.

Ҷаноби Муллоҷонов мегӯяд, дар робита ба ҷалби Толибон ба ҳукумати Афғонистон Тоҷикистон ва Русия мавқеъи муштарак доранд ва ҳамон гуна ки дар қабл аз Эътилофи шимол ҷонибдорӣ мекарданд, як мавқеъ хоҳанд гирифт.

Аммо то кунун мақомоти расмии Тоҷикистон назари худро дар мавриди эҳтимоли шомил шудани гурӯҳи Толибон ба ҳукумати Афғонистон ва музокирот бо ин гурӯҳи чирикӣ баён накардаанд.

Тоҷикистон дар солҳои 90 аз Эътилофи шимол, ки алайҳи режими Толибон меҷангид, ҳимоят мекард ва Толибонро ба расмият нашинохт. Дар тамоми давраи ҳукумати Толибон ниҳодҳои расмии марбут ба давлати Бурҳониддин Раббонӣ дар Душанбе фаъол боқӣ монданд. Тоҷикистон ҳамин тавр дар поёни соли 2001 аз эътилофи байналмилалие ки ба хотири суқути давлати Толибон вориди Афғонистон шуд, ҳимоят кард.

Мақомоти Тоҷикистон акнун, дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бо хуруҷи ин нирӯҳо гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ талош хоҳанд кард, то ба ин сӯи Омӯ нуфуз кунанд.
XS
SM
MD
LG