Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Матанӣ панҷ сарбози покистонӣ ҷон бохтанд


Бар асари ҳамла ба корвони низомии артиши Покистон дар наздикиҳои шаҳри Пешовар, маркази вилояти Хайбар Пахтунхва, панҷ сарбоз ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои Радиои Машъал - бахши покистонии Радиои Озодӣ, ин ҳамла шаби чаҳоршанбе дар канори Матанӣ, як деҳаи воқеъ дар роҳи миёни Пешовар ва манотиқи қабоилнишин, сурат гирифт.

Баҳром Хон, фармондеҳи яке аз постгоҳҳои полиси Матанӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба сарбозон, ки ба назорати ҳаррӯза машғул буданд, аз камин ҳамла оварданд. Ӯ афзуд, ки чаҳор тан аз ҳамлагарон ҳам кушта шуданд, аммо афроди мусаллаҳ бо истифода аз торикӣ ҷасадҳои онҳоро бо худ бурданд.

Эҳсонуллоҳ Эҳсон, ки худро сухангӯи “Толибон” меномад, ба хабарнигори Озодӣ дар Пешовар гуфт, ин ҳамла интиқом барои куштори фармондеҳи Толибон Валӣ Раҳмон бар асари як зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар Вазиристони Шимолӣ дар моҳи гузашта буд.
XS
SM
MD
LG