Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба Русия коҳиши нави силоҳ пешниҳод кард


Суханронии президенти ИМА Барак Обама дар Берлин (19-уми июни соли 2013)
Суханронии президенти ИМА Барак Обама дар Берлин (19-уми июни соли 2013)
Рӯзи чоршанбе дар назди дарвозаи Бранденбурги Берлин президенти ИМА Барак Обама пешниҳод кард, ки ИМА ва Русия сеяки аслиҳаи ҳастаии худро маҳв кунанд. Ӯ гуфт:

Ман муайян кардам, ки мо ҳатто дар сурати аз байн бурдани сеяки аслиҳаи стратегии ҳастаӣ метавонем амнияти Амрико ва муттафиқонамонро кафолат дода, тавоноии эътимодноки худро ҳифз намоем. Ман мехоҳам бо Русия коҳиши аслиҳаро баррасӣ кунам, то мо аз ҳолати ҳастаии давраи Ҷанги Сард берун бароем.”

Агар пешниҳод пуштибонӣ ёбад, дар ихтиёри ИМА ва Русия як ҳазор донагӣ
силоҳи ҳастаӣ боқӣ хоҳад монд. Дар Маскав президенти Русия Владимир Путин гуфт, ӯ имкон нахоҳад дод, ки мувозинати ҳастаии стратегӣ барҳам хӯрад.

Муовини сарвазири Русия Дмитрий Рогозин мегӯяд, то замоне, ки барномаи бунёди сипари зиддимушакии ИМА дар Аврупо мадди назар аст, наметавон пешниҳоди коҳиши кулоҳакҳои стратегии ҳастаиро ҷиддӣ арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG