Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон дар нимароҳи Ҷоми Ҷаҳонии Футбол монд


Тими миллии футболи Эрон бо шикаст додани футболбозони Куриёи Ҷанубӣ ба Ҷоми Ҷаҳонии Футболи соли 2014 роҳхат гирифт, ки ин дафъа дар Бразилия баргузор мешавад. Бозӣ дар шаҳри Улсани Куриёи Ҷанубӣ сурат гирифт ва бо вуҷуди ин бохт, футболбозони куриёӣ ҳам ба Бразилия хоҳанд рафт, зеро ба ҳадди кофӣ имтиёз ба даст овардаанд. Тими миллии Узбакистон бо вуҷуди бо ҳисоби бузурги 5-1 шикаст додани футболбозони Қатар, дар нимароҳи Ҷоми Ҷаҳонии Футболи соли 2014 монд, зеро тӯбҳои задаашон назар ба тӯбҳои тими Куриёи Ҷанубӣ камтар буд.
XS
SM
MD
LG