Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мегӯяд, Теҳрон омодааст, ғанигардонии уранро мутаваққиф намуда, роҳро барои коҳиши таҳрими иқтисодии Эрон боз кунад.
Рӯзи сешанбе хабаргузории кувайтӣ мусоҳибааш бо вазири корҳои хориҷии Русияро нашр намуд, ки дар он Лавров мегӯяд, Эрон ҳозир аст бо 20 дар сад ғанигардонии уран кифоят намояд. Лавров иттилои бештар надод, ки ин маълумотро аз куҷо гирифтааст.
Ба қавли Лавров ин тасмими Эрон метавонад заминае барои созиш бо Эрон шуда, таҳрими ҷумҳурии исломӣ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳониро сабуктар кунад.
СММ бо ишора ба саркашии Эрон аз таваққуфи бахши ҳассоси барномаи ҳастаӣ, ки ба ақидаи баъзе кишварҳои ғарбӣ ҳадафи пинҳонии он тавлиди силоҳи куштори ҷамъӣ мебошад, бар зидди ин кишвар таҳрими иқтисодӣ ҷорӣ кардааст.