Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар Берлин суханронӣ мекунад


Барак Обама- президенти ИМА
Барак Обама- президенти ИМА
Президенти ИМА Барак Обама тасмим гирифтааст, рӯзи сешанбе баъди анҷоми мулоқоти сарони 8 кишвари саноатии олам ба Берлин ташриф оварда, бо канслери Олмон Ангела Меркел мулоқот кунад.

Дар ҷараёни сафари дурӯза президент Обама нақша дорад, ки дар бахши шарқии дарвозаи Бранденбург суханронӣ намояд.

50 сол пеш президенти ИМА Ҷон Кенннедӣ дар ҳамон ҷо дар бораи ҳамбастагӣ бо сокинони Берлин хитоб карда буд.
XS
SM
MD
LG