Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Чехия истеъфо дод


Нахуствазири Ҷумҳурии Чех Петр Нечас ба истеъфо рафт. Шоми душанбе ӯ аризаи истеъфоро ба раисиҷумҳур Милош Земан супурд. Қарор аст, ки Нечас мақоми раиси ҳизби шаҳрвандӣ-демократиро ҳам тарк намояд.

Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар як амалиёти вижаи полис 7 тан аз сиёсатмадорон ва мақомоти баландпояи Чехия боздошт шуданд. Яке аз боздоштшудаҳо - собиқ раиси дафтари нахуствазир Яна Нагёва мебошад, ки бар пояи хабарҳо, равобити ӯ бо нахуствазир Петр Нечас фаротар аз доираи корӣ будааст. Гуфта мешавад, хонум Нагёва бо истифода аз ду афсари шиносаш дар хадамоти истихбороти Ҷумҳурии Чех аз паси ҳамсари нахуствазир Радка Нечасова назорати ғайриқонуниро ба роҳ мондааст. Полис мегӯяд, ки собиқ раҳбари дафтари нахуствазир дар ду қазияи марбут ба фасодкорӣ низ даст дорад.
XS
SM
MD
LG