Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷои мулоқот иваз шуд -- "Одноклассники"-и тоҷикӣ


Шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” нусхаи худро бо забони тоҷикӣ фаъол намуд, то битавонад бозор ва маҳбубияташ дар Тоҷикистонро ҳифз кунад.

Сухангӯи шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” Мария Лапук ин матлабро зимни муаррифии гузинаи тоҷикии шабака рӯзи ҷумъаи 14-уми июн дар шаҳри Душанбе баён кард ва афзуд, як ҳадафи дигари ташаббуси нав осон кардани муошират миёни муштариёни тоҷик дар ин пойгоҳ будааст.

Ба гуфтаи хонум Мария, “Одноклассники”-и тоҷикӣ аллакай дар телефонҳои ҳамроҳ қобили дарёфт аст ва дар он ҳамаи хадамоти хоси сомонаи асосии шабака, ба монанди боз кардани сафҳаи хусусӣ, ирсоли паёмҳо, истифода аз бозиҳо, нашри ёддошт, акс, видео, мусиқӣ ва ғайра муҳайё аст: «Бояд гӯям, ки “Одноклассники” дар Тоҷикистон маъруфтарин шабака буда, лоиҳаи “Мой мир” ва “Фейсбук” аз рӯи шумораи корбарон дар ҷойҳои дуюм ва сеюманд.

Корбарони тоҷик ба шабакаи "Одноклассники" аксаран аз тариқи телефонҳои мобил ворид мешаванд, ки 83 дар сади шумори умумиро фаро мегирад. То имруз интерфейси ин шабакаи иҷтимоӣ ба забонҳои англисӣ, украинӣ, қазоқӣ қирғизӣ ва узбакӣ ҳам тарҷума шудааст ва корбарон аз он истифода мекунанд.

Ҳарчанд аксари муштариёни тоҷики "Одноклассники" забони русиро медонанд, аммо тоҷикӣ шудани ин шабака онҳоро хушҳол кард. Идрис Ҷонмаҳмадов, яке аз корбарони доимии ин шабака, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз тоҷикӣ шудани он истиқбол кард ва гуфт, бо ин роҳ имкони муаррифии забону фарҳанги тоҷик ва равобит миёни дӯстону наздикон васеътар мешавад: «Бештари муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳастанд ва аз ин шабака истифода мекунанд. забони тоҷикӣ ба мукотибаи маҷозии онҳо бо хонаводаҳояшон мусоидат мекунад. Ҳарчанд, шабакаҳои иҷтимоӣ назири Фейсбуку Твиттер ва Вконтакте ё Скайп дар кишвари мо вуҷуд дорад аммо, Одноклассники барои муштариён дастрастар аст.»

Бархе аз корбарони ин шабака мегӯянд, барои он ба "Одноклассники" бартарӣ медиҳанд, ки дар он баҳсҳои носолим ва дашному таҳқир камтар ба назар мерасад. Садоқат як ҷавондухтари тоҷик мегӯяд, робита бо дӯстону наздиконам барои ӯ муҳим аст ва ин хоҳиш ҳамеша ӯро ба Одноклассники меорад. Садоқат мегӯяд, намехоҳад, вақти худро дар баҳсҳои сиёсиву иҷтимоии гуруҳҳо, ки баъзан ба шантажу пахши аксҳои ғайриахлоқӣ низ даст мезананд, сарф кунад. Аз сӯи дигар вай танҳо дар ин шабака тавонистааст, ҳамаи ҳамсинфону ҳамкурсонашро пайдо кнуад.

Рустам Маҷидов, яке аз корбарони фаъоли интернет мегӯяд, сабаби маҳбубияти "Одноклассники" дар он аст, ки истифодаи он барои омма осону фаҳмотар аст. Аз суи дигар, мегуяд ӯ, наздикии бештари тарзи тафаккури тоҷикон ва русҳо низ нақш бозидааст. Вай ҳамчунин ба он ишора мекунад, ки садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия ба сар мебаранд: «Аксарияти муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русияанд ва шояд ин чиз сабаб шудааст, ки "Одноклассники" рӯй ба тоҷикӣ орад.»

Вале на ҳамаи корбарон аз "Одноклассники" розиянд. Бархе мегӯянд, он дар қиёс бо "Фейсбук" хеле суст пеш меравад ва аксари хадамоту имкониятеро, ки "Фейсбук" пешниҳод мекунад, надорад. Ба ақидаи онҳо, "Фейсбук" дар Тоҷикистон ояндаи беҳтаре дорад.

Дар Тоҷикистон ки зиёда аз 2 млн. нафар ба таври фаъол аз интернет истифода мекунанд, аксари онҳо худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, назири "Фейсбук", "Однокласскники" ва Твиттеру Вконтакте номнавис карда, бо ҳам муошират мекунанд. Рустам Маҷидов мегӯяд, бахши аъзами корбарони Интернет дар Тоҷикистон ба далели заъфи Тоҷнет пойбанди торнамоҳои русӣ мондаанд. "Одноклассники" ба 11 забони кишварҳои собиқ шӯравӣ тарҷума шуда, дар ин қаламрав даҳҳо миллион муштарӣ дорад. Бино бар омори расмӣ, ҳар рӯз 267 ҳазор нафар дар Тоҷикистон аз шабакаи "Одноклассники" истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG