Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Маҳмуди Абдулло дар ҷашнвораи самбо дар Лондон


Маҳмуди Абдулло (аз чап аввал)
Маҳмуди Абдулло (аз чап аввал)

Маҳмуди Абдулло, мутахассиси маъруфи гуштии самбо аз Тоҷикистон, дар маросими ботантана бахшида ба ҷашни 75-солагии САМБО дар Лондон ширкат кард.

Ин маросим дар қасри Кенсингтони пойтахти Бритониёи Кабир баргузор шуд.

Маҳмуди Абдулло, иҷрокунандаи вазифаи раиси Федеросиюни самбои Осиё ва ҳамзамон дабири кулли Федеросиюни самбои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, “ин маросим бо сарпарастии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва шоҳзода Майкл Кентский доир шуд. Дар ин чорабинӣ ба ҷуз шоҳзода, аъзои хонаводаи маликаи Бритониёи Кабир, предзиденти Федеросиюни байналмилалии самбо (ФИАС) Василий Шестаков, раиси Иттиҳодияи самбои Бритониё лорд Саймон Рединг, варзишгарони машҳур, ходимони фарҳанг ва соҳибкорон ширкат доштанд. Барномаи ин маросим хеле рангину ҷолиб буд. Устодони САМБО Иван Морозов ва Александр Перепелюк дар рӯи чамани назди Қаср бо либоси идона (смокинг) усулҳои зебои самборо намоиш доданд. Баъдан ба ҳозирин филм дар бораи самбо пешкаш шуд. Шоҳзода Майкл Кентский, бародарзодаи маликаи Бритониёи Кабир Елизаветаи II, ба поягузорони самбо дар Бритониёи Кабир ҷоизаҳо супурд. Ҳадафи аслии ин гуна чорабиниҳо дар оянда ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил кардани самбо мебошад.”

Маҳмуди Абдулло афзуд, чунин чорабиниҳо имсол дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, масалан, моҳи июл дар Қазони Тотористон ҳангоми гузаронидани Универсиадаи ҷаҳонии тобистона ва моҳи ноябр дар Санкт-Петербурги Русия ҳангоми гузаронидани мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо баргузор хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG