Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як кӯдак дар Ишкошим ба бародари худ тир задааст


Хонандаи синфи 9-уми мактаби деҳаи Бағуши ноҳияи Ишкошим Фаридуни Нуралиро бо захми тир дар қафаси сина ба бемористони Хоруғ овардаанд. Сухангӯи раёсати корҳои дохилаи вилояти Бадахшон Далер Чоршанбиев гуфт, тафтишот муайян кард, ки ҷабрдидаро додарчааш Қурбонбек, ки хонандаи синфи 5-ум аст, тир задаст. Ҳодиса дар айлоқ, ҳангоме ки бачаҳо бо милтиқи шикории падарашон бозӣ мекарданд, рух додааст. Мақомоти милиса мегӯянд, милтиқи шикорӣ ғайриқонунӣ буд ва ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардидааст.
XS
SM
MD
LG