Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Юнон коршикании саросарӣ шурӯъ шуд


Коргарони саросари Юнон ба нишони эътироз аз бастани ногаҳонии телевизион ва радиои давлатӣ ба коршикании умумӣ шурӯъ карданд. Нақлиёти ҷамъиятӣ, қатору киштиҳо ва шифохонаҳо ба истиснои шӯъбаҳои ёрии таъҷилӣ ҳама аз кор монданд. Муассисаҳои давлатӣ дар саросари кишвар баста буданд ва рӯзномаҳо низ нашр нашуданд. Нозирони ҳавоии фурудгоҳҳо ҳам барои ним рӯз коршиканӣ карданд. Коршиканӣ бо даъвати ду иттиҳодияи бузурги коргарии Юнон баргузор шуд. Ҳукумати Юнон рӯзи сешанбе фаъолияти ЕРТ, ширкати давлатии радио ва телевизиониро муттавақиф кард, зеро ба гуфтаи ҳукумат, мудирияташ бад буда ва пули зиёдеро зоеъ кардааст. Баъди бастани ширкат 2600 корманди ин муассиса бекор мондаанд. Ҳукумати Юнон мегӯяд, ки баъди ислоҳот, ширкати хурди давлатии телевизион ва радио таъсис мешавад. Ҳукумати Юнон бояд барои дарёфти 240 миллиард евро кӯмаки байналмилалии молӣ, хароҷот аз буҷаро кам карда ва молиётро ҳам боло барад.
XS
SM
MD
LG