Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймоҳои ҳиндӣ дар ҳарими ҳавоии Покистон


Нерӯҳои ҳавоии Покистон таъкид мекунанд, ки ду ҳавопаймои ҳиндӣ ба ҳарими ҳавоии Покистон ворид шуданд.

Покистон мегӯяд, рӯзи сешанбе дар ҷавоб вуруди ҳавопаймоҳои ҳиндӣ ин кишвар ду ҳавопаймои ҷангиашро ба ҳаво хезонд, то ҳавопаймоҳои низомии ҳиндиро аз ҳарими ҳавоии Покистон берун кунанд.

Ба қавли ҳамин манбаъ ҳавопаймоҳои ҳиндӣ аз марзи шарқӣ ба ҳарими Покистон дохил шуда, қабл аз бозгашт тахминан ду дақиқа дар қаламрави Покистон буданд.

Нерӯҳои ҳавоии Ҳиндустон изҳороте пахш намуда, иброз доштаанд, ки ду ҳавопаймои низомӣ дар ҷараёни як тамрин ба хатои фаннӣ роҳ дода, ба қаламрави кишвари ҳамсоя ворид шуданд.

Дар гузашта ҳам ин гуна убури марз ҷой доштааст. Аз соли 1947 ба ин тараф, яъне замоне, ки Ҳиндустону Покистон ду кишвари соҳибистиқлол шудаанд, се ҷанги бузург миёни ин ду ҳамсоя ба вуқӯъ пайвастааст. Вале вақтҳои ахир ду икшвари дорои силоҳи ҳастаӣ баҳри беҳбуди равобит талош меварзанд.
XS
SM
MD
LG