Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дума бар зидди тарғиби ҳамҷинсгароӣ овоз дод


 Бархӯрди тарафдорону мухолифини ҳамҷинсгароӣ дар назди бинои Думаи давлатии Русия
Бархӯрди тарафдорону мухолифини ҳамҷинсгароӣ дар назди бинои Думаи давлатии Русия
Думаи давлатӣ-палатаи поёнии парламенти Русия, қонунеро тасвиб кард, ки тарғиби ҳамҷинсгароӣ дар миёни наврасонро мавриди ҷаримаи вазнин ва ҳабс қарор хоҳад дод.

Ҳарчанд ки ҳомиёни ҳуқуқ ин санадро фишор ба ҳамҷинсгароҳо номидаанд, ҳамаи 436 вакили мардумӣ, ки ҳангоми овоздиҳӣ дар толор буданд, аз қабули қонун пуштибонӣ карданд.

Бар асоси ин қонун паҳн намудани маводи тарғибкунандаи равобити ғайрианъанавии ҷинсӣ ба наврасон манъ мебошад.

Хилофкорон то як миллион рубли русӣ ва ё 31 ҳазор доллари ИМА ҷарима хоҳанд шуд. Ин қонун баъди тасвиб дар Маҷлиси федералӣ-палатаи болоии парламенти Русия ва имзои президенти ин кишвар ба ҳукми иҷро медарояд.
XS
SM
MD
LG