Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Самарқандак чӣ мегузарад?


Моҷарои нав дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон боиси масдуд шудани роҳи Чоркӯҳ-Шӯроб гардид.

Кенеш Солеҳов, раиси шӯрои деҳоти Самарқандаки вилояти Бодканди Қирғизистон, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз моҷаро дар марзи миёни деҳаҳои Сурхи вилояти Суғд ва Паст Ариқи вилояти Бодканд ба Самарқандак нерӯҳои иловагии милиса фиристода шуданд. Ҳоло марзбонҳо ва кормандони милиса ба таҳқиқи низоъ миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон барои қитъаи баҳсноки замин машғуланд.

Гуфта мешавад, тасмими як сокини Тоҷикистон барои дар минтақаи баҳсталаб бунёд кардани манзил боиси низоъ гардид ва фақат дахолати кормандони милиса монеъаи бархӯрду занозанӣ шудааст. Қирғизистон ин қитъаро чарогоҳи деҳаи Паст Ариқ, Тоҷикистон бошад қаламрави худ меҳисобад. Чун “соҳиб”-и аслии замин ҳанӯз муқаррар нашудааст, қаблан тасмим гирифта шуда буд, ки он муваққатан мавриди истифода қарор нагирад.

Хабари моҷаро дар марзро сокини деҳаи Чоркӯҳ, хабарнигори маҳаллӣ Абдумуталиб Шарифзода ҳам тайид кард. Ба гуфтаи ӯ, воқеъан як сокини деҳаи Сурх мехост дар наздикиҳои деҳа манзил созад ва ба он ҷо 80 мошин хок бурд, аммо сокинони деҳаи Паст Ариқ миқдори зиёди онро аз худ карданд ва ин боиси моҷаро шуд. Баъд аз ин дар қаламрави Қирғизистон сӯи ду мошине, ки Чоркӯҳ ба шаҳраки Шӯроб мерафтанд, санг андохтанд ва ин боиси ихтилофи бештар гардид.

Мусоҳиби мо афзуд, ки рӯзи сешанбе як ҳайат аз Бодканд барои ҳалли ниҳоии низоъ ба шаҳраки Исфара омад. Аммо ба гуфтаи Абдумуталлиб Шарифзода, вазъ ором аст ва аммо роҳ миёни Чоркӯҳ ва Шӯроб то ҳол баста боқӣ мемонад.

Мирослав Ниёзов, собиқ Дабири Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, то он замоне, ки марзҳо аломатгузорӣ нашудаанд, хабари сар задани низоъҳои хурду бузург боқӣ мемонад. Ба гуфтаи ӯ, замоне расидааст, ки ба ҳалли ин
Мирослав Ниёзов
Мирослав Ниёзов
мушкили ҷиддӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон сарони ҳарду кишвар пардозанд:

“Ман борҳо пешниҳод кардаам, ки сарони кишварҳо ҷамъ биёянд, зеро комиссиюнҳои байниҳукуматӣ дигар тавони ҳалли ин мушкилро надоранд. Ҳоло ҳар ҷониб барои ба манфиатҳои худ ҳал кардани мушкил ба харитаҳои солҳои 1924 ва 1936 ва дигар солҳо ишора мекунанд. Аз ин рӯ мушкилро фақат сарони ду давлат бо истифода аз пешниҳодҳои гуногуни комиссиюни байниҳукуматӣ метавонанд ҳаллу фасл намоянд”, мегӯяд ӯ. Ба гуфтаи сиёсатмадор, “хуб мебуд агар сарони ду кишвар то анҷоми аломатгузории марз ҳама гуна корҳои хоҷагӣ дар қитъаҳои баҳсталабро манъ кунанд. Ин басо зарур аст ва бояд бечунучаро риоя шавад. Агар корҳо дар мавзеъҳои баҳсталаби марз идома кунанд, хатари низоъ боқӣ мемонад ва низоъҳои хурд ҳамеша метавонанд низоъҳои густурдаро ба думбол дошта бошанд”.

Аз нигоҳи Мирослав Ниёзов, комиссиюнҳои байниҳукуматӣ оид ба аломатгузории марз рисолати худро аллакай анҷом додаанд. Акнун Эмомалӣ Раҳмон ва Алмосбек Отамбоев бояд иродаи сиёсӣ нишон диҳанд ва тавассути гузаштҳо ба ҳалли мушкил муваффақ шаванд, мегӯяд ӯ, бидуни гузашт ва пойфишорӣ барои пирӯзиву забти қатъаҳои бештари замин ҳалли ин мушкил ғайримумкин аст.

Бар пояи иттилои расмӣ, аз 971 километр марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон фақат 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту халос. Марзбонҳои тоҷик мегӯянд, фақат дар марзи миёни ноҳияи Исфара ва вилояти Бодканд 39 қитъаи баҳсталаб мавҷуд аст ва моҷароҳои хурду бузург дар он мавзеъҳо боиси ҳалокату ҷароҳат бардоштани сокинон аз ҳарду ҷониб мегарданд.
XS
SM
MD
LG