Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Одил даъвоҳои президентиашро канор кашид


Ғулом Алӣ Ҳаддод Одил
Ғулом Алӣ Ҳаддод Одил
Расонаҳои эронӣ гузориш медиҳанд, ки собиқ раиси парламенти ин кишвар Ғулом Алӣ Ҳаддод Одил номзадиашро аз интихоботи президентии 14-уми июн бозхондааст.

Дар изҳороте, ки рӯзи душанбе нашр шуд, Одил аз пайравонаш хостааст, ки дастурҳои раҳбари рӯҳонии Эрон оятулло Алии Хоманайиро иҷро кунанд. Одил, ки бо раҳбари рӯҳонии Эрон равобити хешу таборӣ дорад, сабаби бозхонди номзадиашро ошкор накардааст.

Моҳи гузашта Шӯрои нигаҳбон аз миёни 700 довталаби курсии президенти Эрон танҳо 8 нафарро расман ба қайд гирифт.

Ҳоло раиси ҳайати музокиракунандаи барномаи ҳастаии Эрон Саид Ҷалилӣ, собиқ ноиби раёсатҷумҳурии Эрон Муҳсин Ризоӣ, рӯҳонии маъруф Ҳасан Рӯҳонӣ, устоди донишгоҳ Муҳаммад Ризо Ориф, мири Теҳрон Боқир Қолибоф, собиқ вазири мухобирот Муҳаммад Ғаразӣ ва собиқ вазири корҳои хориҷии Эрон Алӣ Акбар Вилоятӣ барои курсии президенти Эрон талош меварзанд.
XS
SM
MD
LG