Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ сарвазири қирғиз дар ғиёб маҳкум шуд


Дониёр Усенов- собиқ сарвазири Қирғизистон
Дониёр Усенов- собиқ сарвазири Қирғизистон
Собиқ сарвазири Қирғизистон Дониёр Усенов дар ғиёбаш ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Рӯзи душанбе додгоҳи Бишкек Усеновро бо сӯиистифода аз замин дар давраи раёсати ҳукумати пойтахти Қирғизистон муҷрим донист. Усенов соли 2007-ум раиси шаҳри Бишкек буд.

Соли 2009-ум Усенов ба мансаби сарвазир пешбарӣ шуда, моҳи апрели соли 2010-ум дар пайи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ, ки президенти ин кишвар Боқивевро аз сари қудрат дур карда буданд, аз ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ фирор кард.

Макони буду боши Усенов маълум нест.
XS
SM
MD
LG