Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла болои фурудгоҳи Кобул ноком гашт


Аюб Солангӣ- раиси полиси Кобул
Аюб Солангӣ- раиси полиси Кобул
Рӯзи душанбе толибони ошӯбгар болои фурудгоҳи асосии шаҳри Кобул ҳамла карданд. Мансабдорони афғон мегӯянд, нерӯҳои амниятӣ баъди бархӯрди чандсоата ҳамаи силоҳбадастонро ба ҳалокат расонданд.

Раиси полиси Кобул Аюб Солангӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бархӯрд ҳафт ҷангҷӯй кушта шуданд. Ӯ илова кард, нерӯҳои амниятӣ талафот надоштанд.

Сухангӯи Толибон Забиҳулло Муҳоҷид мегӯяд, ҳадафи ҳамлаи Толибон нерӯҳои паймони НАТО будааст. Қароргоҳи фармондеҳии НАТО дар фурудгоҳи Кобул ҷойгир аст.

Полиси Кобул иттилоъ дод, ки ҷангҷӯён як ва ё ду бинои таъмиршавандаи канори фурудгоҳро ишғол намуда, аз он ҷо ҳамлда болои қароргоҳи НАТО-ро раҳандозӣ намуданд. Полис поккории минтақаро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG