Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирри давлатиро амрикоии 29-сола фурӯхтааст


 Эдвард Сновден
Эдвард Сновден
Як амрикоии 29-сола, ки ба қавли худаш дар Агентии амнияти миллӣ ва Агентии марказии кашф (CIA)-и ИМА ифои вазифа кардааст, мегӯяд, маълумот дар бораи барномаи пинҳонии муроқибати ИМА-ро ӯ ба рӯзномаҳо расондааст.

Эдвард Сновден меафзояд, ба ақидаи ӯ кишвараш як дастгоҳи пинҳонии назоратро эҷод кардааст, ки саъй дорад, аз паси ҳар як шаҳрванди Амрико муроқибат намояд:

Ман фикр мекунам мардум бояд донад, ки дар паси чунин амали берун аз чорчӯби демократӣ чӣ сабабе пеш оварда мешавад. Вақте шумо нерӯи ҳукуматро вожгун мекунед, демократия зери хатар мемонад.”

Бар пояи маълумоти Сновден рӯзномаи амрикоии Washington Post ва рӯзномаи британиявии Guardian иттилоъ доданд, ки ниҳодҳои амниятии ИМА аз ширкати тақдимкунандаи мухобироти мобилӣ бо номи Verizon ва ширкатҳои бузурги интернетиии Google ва Facebook дар бораи шаҳрвандон маълумот дастрас мекунанд.

Тибқи ахбори расида Сновден феълан ба Ҳонг Конг фирор намудааст. Агентии марказии кашфи ИМА аз ташреҳи ин хабар худдорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG