Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харҷи "Занги камолот" ҷое баланд ва ҷое паст шудааст


Хатмкунандагони маркази Душанбе барои ҷашни хатми мактаб то 300 доллар ва сокинони канораҳо то 200 сомонӣ харҷ кардаанд.

Сабина, хатмкунандаи яке аз мактабҳои пойтахт барои омодагӣ ба “Занги камолот” ё “хатми мактаб, танҳо барои харидории як курта беш аз 200 доллар сарф кардааст. Ороиши мӯй барои ҷашни “Занги камолот” 100 сомонии дигарро фурӯ бурд. Ҳамин тавр пулҳои хурду резаи дигар барои ороиши нохун, косметика сарф шуд.

Сабқати либоси беҳтарин дар “Ҷашни камолот” барои падару модари хатмкунандаҳои макотиби кишвар ба як дарди сар табдил шудааст. “Ҳама мехоҳанд дар ин ҷашн аз ҳама зебо ва хотирмон бошанд, -- мегӯяд Маҳина, як хатмкунандаи дигар, ки ҳангоми сӯҳбат бо мо ба ороиши мӯй машғул буд ва ҳар лаҳза ба машшота дастур медод, ки кокулонашро чигуна ороиш бидиҳад. -- “Баъди чандин сол албомро мекушоӣ ва ба чеҳраи зебои худ нигоҳ мекунӣ, магар гуворо нест? – меафзояд ӯ.

Ҷавонҳо низ аз духтарон кам намеоянд, онҳо низ бо харҷҳои на камтар аз 200 доллар барои худ костюм мехаранд ва мехоҳанд ҳамин гуна зебо дар хотири ҳамсинфҳо боқӣ бимонанд. Аммо ҳамсӯҳбати мо Сабина мегӯяд бо ин ҳама зебоӣ ва сарфи вақт барои ороиши мӯй, модараш ба ӯ пули кофӣ надод, ки дар кӯчаҳо бо ҳамсинфҳо сайругашт кунад. На барои он ки пул надошт. Ба хотири он ки солҳои охир дар маҳфилҳои таҷлил аз хатми мактаб ҳодисаҳои нохуш рух медиҳанд ва ин ҳол падару модаронро нигарон кардааст.

Дар зимн хароҷоти хатмкунандагони мактабҳои маркази шаҳр аз канораҳои пойтахт фарқ дорад, зеро дар марказ мардуми камубеш пулдор зиндагӣ мекунанд ва дар канораҳо бошад, қишри поётар аз миёна. Бархилофи духтарони маркази шаҳр, Фарзона, хатмкунандаи мактаби миёнаи шумораи 96 - и шаҳри Душанбе, ки «Занги охир»-ро бо либоси миллӣ таҷлил мекард, мегӯяд, ҳеҷ хароҷоти зиёдатӣ накардааст. Чун ба гуфтаи вай куртааш куртаи тоҷикист ва мӯйи сарашро ҳам хоҳараш дар хона оро додааст.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Анора Раҳматова, модари яке аз хатмкунандагони ин мактаб гуфт, ки солҳои гузашта харҷи хатмкунандагон дар рӯзи «Занги камолот» хеле зиёд буд, вале имсол, бино бар Қонуни танзими расму оийн ва ананаҳои миллӣ ин қадар маблағ сарф кардан мумкин нест. Чанд соли охир хонаводаҳо одат кардаанд, ки харҷи ин ҷашни фарзандони худро дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доранд: «Ҳамин хел барои мо хубтар аст, аз 200 сомонӣ зиёд харҷ накардаем.»

Ҷашни хатми мактаб солҳои охир харидани тӯҳфа ба раҳбари синф, мудири мактаб ва муаллимони дигарро низ тақозо мекард. Аммо хатмкунандагон мегӯянд, имсол харҷи ин «анъана» кам шуда, дар баъзе аз мактабҳо пурра аз байн рафтааст. Ба гуфтаи Садбарг Аҳмадова, муаллимаи мактаби 96-и шаҳри Душанбе, ин ҷо на танҳо Қонуни танзими расму оийн ва ананаҳои миллӣ, балки дастури Вазорати маорифи Тоҷикистон нақш дошт. Дар арафаи поёни таҳсил вазорат аз ҳамаи мактабҳо ва падару модарони хатмкунандагон даъват кард, ба харҷи изофӣ роҳ надиҳанд ва маросими "Занги камолот"-ро ба гунаи хоксоронаву самимӣ баргузор намоянд. Муаллима Аҳмадова, мегӯяд, барои риояи ин дастур шӯъбаи маорифи ноҳия ба ҳама мактабҳо мактуби расмӣ ирсол намуд.

Бино ба маълумоти Вазораи маорифи Тоҷикистон имсол мактабҳои кишварро беш аз 111 ҳазор хонанда хатм карданд ва агар ҳар яке аз ин хатмкунандаҳо 50 доллар ҳам барои «Занги камолот» сарф карда бошанд, барои Тоҷикистоне, ки ҳанӯз ҳам нисфе аз мардумаш дар сатҳи фақру камбизоатӣ зиндагӣ мекунанд. маблағи ҳангуфте ҳосил мешавад.

XS
SM
MD
LG