Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ҳафт сарбози гурҷӣ дар Ҳилманд


Бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар вилояти ноороми Ҳилманди Афғонистон, ҳафт аскари гурҷӣ кушта шуданд.

Фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Гурҷистон генерал Иракли Ҷнерадзе рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ дар Тбилисӣ–пойтахти Гурҷистон гуфт, ин сарбозон замоне кушта шуданд, ки ҳамлаварон як мошини пур аз маводи таркандаро дар назди қароргоҳи онҳо таркондаанд. Бино ба хабари ин манбаъ, чанд сарбози дигар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд.

Тақрибан се ҳафта қабл се аскари дигари Гурҷистон дар як таркиши ба ҳамин монанд дар вилояти Ҳилманд, дар ҷануби Афғонистон ҷон дода буданд.

Аммо ҳамлаи дирӯз шадидтарин зарба ба нерӯҳои ин кишвар дар Афғонистон ба шумор меравад. Бо ин ҳамла шумораи талафоти артиши Гурҷистон дар Афғонистон ба 28 нафар расид.

Гурҷистон ягона кишвари хориҷ аз паймони НАТО аст, ки бештарин нерӯро дар Афғонистон дорад ва шумораи сарбозони гурҷӣ дар ин кишвар ба 1600 нафар мерасад.

Ҳалокати ҳафт сарбози гурҷӣ дар Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00
XS
SM
MD
LG