Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои вафодор ба Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, дигарбора гузаргоҳи мустақим дар хати оташбас миёни он кишвар ва Исроил дар баландиҳои Ҷулонро аз дасти шӯришиён гирифтаанд. Радиои Артиши Исроил гуфт, нерӯҳои давлатии Сурия гузаргоҳи Қунайтра дар маркази Баландиҳои Ҷулонро бо истифода аз тонкҳо дигарбора ишғол карданд. Вазорати дифоъи Австрия, ки сарбозонаш дар ҳайати посдорони сулҳи Созмони Милал дар онҷо ҳастанд, гуфт, сарбозонаш аз гузаргоҳ беосеб хориҷ шудаанд. Қунайтра ягона гузаргоҳи мустақим миёни Сурия ва Исроил аст. Исроил бахши бузурги ин минтақаи стротегиро дар ҷанги шашсолаи соли 1967 аз Сурия гирифт.