Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини нахуствазири Қирғизистон истеъфо дод


Бинобар моҷаро бар сари раҳоии пеш аз мӯҳлати яке аз сарони олами ҷиноӣ дар Қирғизистон, муовини нахуствазири ин кишвар аз мақомаш истеъфо дод. Шомил Отахонов, масъули ниҳодҳои амниятӣ дар ҳукумат рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки бинобар ихтилофоти назар дар дохили ҳукумат аз мақомаш канорагирӣ кардааст. Ҳафтаи гузашта баъди озодии Азиз Ботукоев, як раҳбари олами ҷиноии Қирғизистон, вакилони порлумон хостанд, чанд мақоми баландпояи ҳукумат аз ҷумла Шомил Отахонов, аз мақомҳояшон барканор шаванд. Азиз Ботукоевро соли 2006 барои ҷиноятҳои сангин аз ҷумла, қатли як вакили мардумӣ ва афсари вазорати умури дохилӣ ба 17 соли зиндон маҳкум карда буданд, вале мақомоти зиндонҳо бо зикри гузориши тиббӣ дар бораи гирифтории Азиз Ботукоев ба саратони хун, ӯро аз зиндон раҳо карданд. Дертар кумиссиёни порлумонӣ маълум кард, ки гузориши тиббӣ тақаллубӣ будааст.
XS
SM
MD
LG