Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Муассисаҳои Тоҷикистон тӯъмаи рахнагарони интернетӣ шудаанд


The NetTraveler cyber spies
The NetTraveler cyber spies

Ширкати Касперски, аз офарандагони антивирусҳо мегӯяд, як шабакаи ҷосусии маҷозиро ошкор кардааст, ки аз дер боз ба дуздидани иттилоот аз муассисаҳои давлативу ширкатҳои хусусӣ машғул будаанд.

Дар ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар чанд муассисаи давлатии Тоҷикистон ҳам тӯъмаи ин харобкорони интернетӣ шудаанд. Яке аз онҳое, ки дар ифшои шабакаи мазкур бо номи “НетТравеллер” кор кардааст, Виталий Камлук мутахассиси аршади ширкати Касперски аст, ки масъулияташ омӯзиши вирус ва барномаҳои зиёновари компютерист. Дар сӯҳбате ки бо ӯ доштам, нахуст дар бораи шеваи кори шабакаи мазкур пурсидам:

Виталий Камлук: “Онҳо барои дуздидани иттилоот, “шеваи ҳамлаҳои ҳадафмандона” истифода кардаанд. Яъне ба корбарон имейле бо аттачманет мефиристанд ва агар корбар, антивируси нав надошта бошад, дар сурати боз кардани нома, барномаи зиёновар дар компютери ӯ насб мешавад ва идораи компютер ба дасти ҳамлаварон мегузарад. Ҳамаи ин ноаён сурат мегирад ва корбар ҳам хабардор намешавад. Яъне корбари компютер номаро боз мекунад, як санади оддиро мебинаду мебандад ва бо ҳамин тамом, аммо дар ин замон вирус дар комютери ӯ насб шудааст. Мо мушоҳида кардем, ки ин шабака тайи 3 соли ахир фаъол шудааст, аммо дар маҷмӯъ барномаҳои зиёноваре, ки ҳамлаварон истифода кардаанд, аз соли 2004 ба кор андохтаанд. Шояд дар ҳамон сол ин барномаҳои зиёноварро сохтаанд.”

Озодӣ: Кадоме аз кишварҳо бештар тӯъмаи рахнагарони ин шабака шудаанд?

Виталий Камлук: “Мо бештарин тӯъмаҳои ин шабакаро дар Русия, Муғулистон ва Ҳинд мушоҳида кардем. Дар маҷмӯъ дар 40 кишвар тӯъмаҳои ин шабакаи ҷосусӣ дида мешавад. Мо ҳисоб кардем, ки ҳамлаварони Нет Травеллер 350 шабакаи компютериро ба вирус олуда кардаанд, вале мумкин аст, миқёси воқеъии ҳамла ва теъдоди шабакаҳои олудашуда, бисёр бузург бошад. Шояд мо танҳо як ҳиссаи бисёр хурди ин тӯъмаҳои шабакаи ҷосусии Нет Травеллерро дида бошем. Тӯъмаҳои ин шабака дар Тоҷикистон ҳам дида мешавад ва дар маҷмӯъ дар ин кишвар шабакаҳои се навъи муассисаҳо ба шумули муассисаҳои давлатӣ ба вирус олуда карда шудаанд. “

Озодӣ: Маълум аст, ки ин ҳамлаҳо кори дасти кист ва дастандаркорони Нет Травеллер дар кадом кишвар ҷойгир шудаанд?

Виталий Камлук: “Дар робита ба муаллифони барномаҳо мо таҳқиқ анҷом додем ва барои мо возеҳ шуд, ки забони модарии рахнагарон чинӣ аст. Дидем, ки усулҳои ҳамла хоси рахнагарони интернетии чинӣ мебошад ва он барномаҳоро рахнагарони чинӣ сохтаанд. Ба ғайр аз усулҳо, мукотибаи онҳо низ бо забони чинӣ сурат гирифтааст. Масалан мегӯянд, ки барнома ба кор шурӯъ кард ва ё ғайриқобили истифода шуд. Ҳамаи ин ба забони чинӣ навишта шудааст ва бар изофаи ин маркази идораи шабакаҳои олуда асосан дар се кишвар Чин, Ҳонконг ва Амрико воқеъ шудаанд, вале мудирияти аслӣ аз Чин сарчашма мегирад.”

Озодӣ: Воқеан онҳо чӣ қадар иттилоот дуздидаанд, инро ҳам маълум карда мешавад?

Виталий Камлук: “Мо ҳаҷми иттилооти дуздидашударо арзёбӣ кардем ва маълум шуд, ки ба рахнагарон муяссар шудааст, аз ҳамаи муассисаҳои шабакаҳояшон олудашуда 22 гигабайт иттилоъ бидузданд. Аммо ин як ҳиссаи ками иттилооти дуздидашуда аст, зеро ҳамлаварон иттилоотро аз як сервер ба сервери дигар кӯчонда ва дар ниҳоят пок мекарданд. Аз ин рӯ мо фақат як ҳиссаи хурди иттилооти дуздидашударо муайян кардем. Онҳо асосан санадҳои расмии маъмулии ворд, формати Пе Де Эф, баъзе санадҳои Автокатро ҳам дидем, ки барномаи муҳандисиву сохтмонӣ аст ва ҳам санадҳои Корел Дроро низ. Дар умум ҳамингуна санадҳоро дуздидаанд. “

Озодӣ: Ин санадҳо масалан ба кадом арсаҳо иртибот мегиранд, кори ҳукуматҳо, низомӣ, фаъолиятҳои иқтисодӣ ва асрори давлатӣ?

Виталий Камлук: “Аз рӯи тӯъмаҳои ҳамлаварон метавон, мушаххас кард, ки чӣ гуна иттилоотро дуздидаанд. Сеяки тӯъмаҳои онҳо аз бахши дипломатӣ ҳастанд, яъне сафоратхонаву, консулгариҳои гуногун. Нуздаҳ дар сади дигар муассисаҳои ҳукуматӣ ҳастанд. Баъдан созмонҳои низомӣ ҳастанд. Ҳамаи ин муассисаҳои муҳиманд ва иттилооте, ки аз тариқи шабакаҳои онҳо додугирифт мешавад, албатта баъзан дар миқёси як кишвар аҳамияти хосса дорад. “

Озодӣ: Дар сурати олуда шудани компютер ба вирусҳо чӣ кор бояд кард, ки компютер аз он пок шавад?

Виталий Камлук: “Агар фикр мекунед, ки компютери шумо ба вирус олуда шудааст, осонтарин роҳи халосӣ аз он, насби антивируси нав ва тафтиши дискҳои компютер аст. Ҳеҷ мушкиле дар пок кардани онҳо вуҷуд надорад, зеро антивирус онҳоро ба осонӣ меёбад ва компютерро аз он пок мекунад.”
XS
SM
MD
LG