Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен: Рисолати НАТО дар Афғонистон тамрин хоҳад буд


Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дар нишасти НАТО
Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дар нишасти НАТО
Дар Брюссел вазирони дифои кишварҳои узви НАТО мавзӯи ҳузури Паймон дар Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар охири соли 2014-ро баррасӣ карданд. Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, вазирон аз рисолати нави Паймон - таълим ва тамрини нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон пуштибонӣ карданд. Рисолати нави НАТО аз соли 2015 шурӯъ мешавад. Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон, ки дар нишасти Брюссел ширкат дошт, аз ин тасмим истиқбол кард.

Рӯзи чаҳоршанбе вазирони дифои НАТО бо ҳамтои гурҷии худ ҳам мулоқот карданд. Тақрибан 1560 низомии гурҷӣ дар амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон ширкат доранд. Андерс фог Расмуссен гуфт, Гурҷистони босубот ва демократӣ дар ҳоле метавонад ба НАТО пайвандад, ки аз ислоҳоти зарурӣ кор бигирад.
XS
SM
MD
LG