Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Режими Сурия шаҳри Қусайрро ишғол кард


Ошӯбгарони Сурия тасдиқ кардаанд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ шаҳри стратегии Қусайрро, ки дар марзи Сурия бо Лубнон қарор дорад, таҳти назорат даровардаанд.

Нерӯҳои ҳукуматӣ дар давоми тақрибан се ҳафта саъй доштанд, ошӯбгаронро аз Қусайр ихроҷ намоянд.

Рӯзи чоршанбе телевизиони Сурия хабар дод, ки шаҳри Қусайри вилояти Ҳумс таҳти назорати комили ҳукумат қарор дорад. Телевизион ошӯбгаронро террорист номид.

Ошӯбгарон дар изҳороти худ навиштаанд, ки аз шаҳри Қусайр берун шудаанд, зеро камбуди аслиҳаву таъминот дар муқобили нерӯҳои сершумори давлатӣ ва дахолати Ҳизбуллоҳ муқовимат душвор шуда буд.

Моҳи гузашта гурӯҳи ҷангҷӯи мусулмонони шиамазҳаби Лубнон-Ҳизбуллоҳ, ки аслан рӯ ба Эрон аст, эътироф кард, ки дар Қусайр силоҳбадастонаш дар тарафи нерӯҳои ҳукумати Сурия меҷанганд.
XS
SM
MD
LG