Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби Сурх кормандонашро аз Афғонистон бозмехонад


Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх эълом дошт, ки бархе аз кормандони худро аз Афғонистон бозмехонад. Ин тасмим баъд аз он гирифита шуд, ки рӯзи 29 май ду маргталаб худро дар дафтари Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх дар шаҳри Ҷалолобод таркониданд. Дар ин ҳодиса як муҳофизи афғон кушта шуд ва чаҳор нафар, аз ҷумла, як корманди хориҷии созмон ҷароҳат бардоштанд.

Намояндаи Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх Робин Ваудо ба хабаргузории Reuters гуфт, ки бархе аз тарҳҳо дар Афғонистон мутаваққиф мешаванд.

Ҷунбиши Толибон" эълом дошт, ки дар ҳамла ба дафтари Салиби Сурх дар Ҷалолобод даст надорад.

Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх аз соли 1987 дар Афғонистон фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG