Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4-уми июн - бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо Афғонистон


Рӯзи сешанбеи 4-уми июн дар шаҳри Қӯрғонтеппа бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор мешавад.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и маркази вилояти Хатлон соати 17 оғоз меёбад.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ин бозӣ чунин аст:

дарвозабонҳо:
Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Равшан»), Абдуазиз Маҳкамов («Хуҷанд»);

ҳимоятгарон: Далер Тухтасунов, Ҳасан Рустамов (ҳарду - «Равшан»), Соҳиб Саванқулов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов (ҳарсе - «Истиқлол»), Сиёвуш Асроров, Манучеҳр Аҳмадов (ҳарду - «Хуҷанд»);

нимҳимоятгарон: Абдусамад Ҳоҷибоев («Равшан»), Хуршед Маҳмудов, Расул Файзов (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»), Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Ҷалилов (ҳарчор - «Истиқлол»), Ҷамшед Исмоилов («Хайр»);

ҳамлагарон: Комил Саидов, Аҳтам Ҳамроқулов (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Давронҷон Тухтасунов («Равшан»).

Ҳайати раҳбарикунанда: Рустам Усмонов – менеҷер, Мубин Эргашев – иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ, Салоҳиддин Ғафуров – мураббии калон, Никола Лазаревич – мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонӣ, Амоншо Саодатсайров – мураббии дарвозабонҳо, Фаррух Авезов – духтур, Ҳалим Маҷидов – маъмур.

Сардовари бозӣ: довари ФИФА Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).
Ёварони сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) ва Қурбонмаҳмад Каримов (Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев, раиси кумитаи доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Комиссари бозӣ: Ислом Маҳмадшоев (Душанбе).

Бояд гуфт, ки футболбозони тоҷику афғон се бор бо ҳам рақобат кардаанд ва дар ҳарсе бозӣ мунтахаби Тоҷикистон пирӯз шудааст.

Натоиҷи бозиҳои дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Афғонистон чунин аст:

9-уми ноябри соли 2005 – Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Нӯъмонҷон Ҳакимов, 28, 31, Хуршед Маҳмудов, 45+1, Алиёр Ашӯрмамадов, 67).

3-юми августи соли 2008 – Ҷоми даъвати АФК-2008. Давраи ниҳоӣ. Ҳайдаробод, Ҳиндустон. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Юсуф Рабиев, 14, 44, 56, Даврон Тухтасунов, 39).

17-уми ноябри соли 2010 – Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0 (Фаррух Чориев, 33).

Дар рейтинги ФИФА мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 112-ум, тими миллии Афғонистон дар ҷойи140-ум қарор доранд.
XS
SM
MD
LG